Имрӯз 17-уми ноябри соли 2025 аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз Маркази таълимии касбомӯзии назди донишгоҳ дар ноҳияи Хуросон буда дидан намуд.
Зимни шиносоӣ ба Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ иттилоъ доданд, ки дар маркази касбомӯзӣ курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯи касбҳои дӯзанда, бофанда, қолинбоф, муҳосиб бо донистани компютер, челонгар оид ба таъмири автомобил, монтёри барқӣ, кафшергари газию барқӣ, фурӯшанда-ташкилотчӣ, қаннод, ошпаз, ороишгари руи, сартарош ва дизайнери либос шунавандагонро ба таълим фаро мегирад.

