Имрӯз дар ҷаласаи ғайринавбатии кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун муассисаи пешбар Сафарзода Мунир Ватан, дар мавзуи «Назария ва амали андрагогика дар низоми такмили тахассусии кадрҳои педагогӣ дар шароити нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.
Ин диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ (ихтисоси 13.00.01 — Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таълим) таҳия шудааст. Дар он масъалаҳои марбут ба рушди низоми такмили ихтисос, самтҳои фаъолгардонии омӯзиши калонсолон (андрагогика) ва механизмҳои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон дар шароити муосири кишвар мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Мушовири илмии диссертатсия доктори илмҳои филология, профессор Ҷумъахон Алимӣ мебошад.
Нашри чунин корҳои илмӣ дар самти таҳкими низоми маорифи кишвар ва рушди кадрҳои соҳибтахассус аҳамияти махсус дорад.

