Имрӯз дар кафедраи методикаи таълими ибтидоии ДДБ ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мизи мудаввар баргузор шуд
Дар оғози ҳамоиш декани факултет У. Хоҷазода сухани ифтитоҳӣ намуда, аҳамият ва ҷойгоҳи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва ваҳдати миллиро таъкид кард.
Сипас, устодони кафедра маърӯзаҳои илмӣ-таҳлилӣ пешкаш намуданд. Аз ҷумла: Ш. Шарифзода, дар мавзуи «Парчам — рамзи ифтихор ва ваҳдати миллӣ” ва Х. Каримова дар мавзуи «Аз таърихи пайдоиши парчами миллӣ» маърӯза намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ наворҳои мавзуи таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон — рамзи давлатдорӣ ва истиқлол» намоиш дода шуданд.
Дар анҷом барои иштирокчиён суханронии озод ва мубоҳиса ташкил карда шуд. Чорабинӣ бо фазои эҳтирому ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ҳусни анҷом ёфт.

