Имрӯз дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ, зери унвони “Парчами соҳибистиқлол”доир гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Баҳром Шарифзода, декани факултет оғоз гардид.
Баъдан Қ. Ҳамроев, муовини илм ва инноватсияи факултет, М. Нурова, омӯзгори кафедраи курси амалии забони англисӣ дар мавзуи “Парчам – ифтихори миллӣ”, Ғ. Қаршиева, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар мавзуи “Парчам – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” ва М. Салимова, омӯзгори кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ дар мавзуи “Парчами армони тоҷик, шуълаи имони тоҷик” маърӯза намудаанд.

