Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода М.Р. ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ
Ҳамкасбон ва устодону шогирдони азиз!
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.
Ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ Парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.
Дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари воқеияте мебошанд, ки мардуми шарафманди тоҷик таҳти Парчами давлатии худ имкони ба таърихи гузашта ва мазмуну моҳияти воқеии давлатдории навини хеш бо чашми ибрат ва диди нав назар намуданро пайдо карданд. Маҳз дар заминаи чунин ҷанбаҳои ибратомӯзи таърихи пурифтихори худ мо ба сӯйи ояндаи дурахшони давлат, Ватан ва халқи ободгару созандаамон бо эътимоди қавӣ ва қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.
Имрӯз Тоҷикистон зери парафшонии Парчами давлатии худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳдӯст муаррифӣ гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ ибтикороти моро ба хотири ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла обу иқлим ва дигар масъалаҳои мубраму доѓи рӯз дастгирӣ мекунанд.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Парчами давлатии мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтиром ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихии ҳар фарзанд ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми наҷибу неки идомаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, аз ҳар сокини кишвар ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятшиносиро тақозо менамояд. Ин ҷашн насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.
Аз ин рӯ, мо бояд аз Парчами давлатии худ ифтихор намоем, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин намоем. Меҳру муҳаббати мо ба Парчами давлатӣ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба давлату миллат, сарзамин ва тамаддуну фарҳанг аст, бояд беш аз пеш афзун гардад, зеро Парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан нишони муқаддас мебошад.
Мақсаду мароми ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳам амалӣ намудани қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми кишвар, таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат дар соҳаҳои омӯзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори илм, корбасти тарзу усулҳои пешқадами таълим маҳсуб меёбад.
Имрӯз, ки дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ қарор дорем, бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шуморо ба ифтихори ин саннаи таърихӣ самимона табрик намуда, орзуи онро менамоем, ки Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!
