Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами миллӣ – рамзи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон» баргузор гардид.
Дар оғоз Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим бо сухани ифтитоҳӣ Паёми табрикии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳро ироа намуда, оид ба аҳамияти Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар як шаҳрванди мамлакатро таъкид намуд.
“Парчами давлатии мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтиром ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихии ҳар фарзанд ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад”, – афзуд Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим.
Дар идома профессор Халилзода Давлаталӣ вобаста ба таърих ва маънои рамзии Парчами давлатӣ андешаҳои илмӣ-назарии худро пешниҳод карданд. Инчунин иштирокчиён атрофи дастовардҳои даврони Истиқлол ва нақши Парчами миллӣ дар ташаккули пояҳои давлатдории муосири тоҷикон мубодилаи назар анҷом доданд.
Сипас, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки намояндагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, дастаи “Левакант” ва хонандагони Литсейи назди донишгоҳ доир шуд.
Ташкили чунин чорабиниҳо дар тарбияи худшиносии шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ нақши муҳим мебозад.
Дар охир як гурӯҳ омӯзгорони донишгоҳ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд
.


