АМИТ «Ховар». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами миллӣ – рамзи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон» ҳамоиш гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба аҳамияти Парчами давлатӣ иброз намуданд, ки он ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ, воситаи таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандӯстии ҳар шаҳрванди мамлакат хизмат мекунад.
«Парчами давлатии мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтиром ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад. Он миллатро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят менамояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихии ҳар фарзанд ва вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа бошад», — баён гардид дар ҳамоиш.
Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ҷалб менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз таърихи куҳани парчамсозию парчамдории тоҷикон буда, исботи он аст, ки гузаштагони мо- қавмҳои ориёию Куруши Кабир ва Коваи бузург соҳиби парчам буданд. Парчами давлатӣ нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии ин сарзамини аҷдодӣ мебошад.
Баргузории чунин ҳамоишҳо дар тарбияи худшиносии шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ нақши муҳим мебозад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
https://khovar.tj/2025/11/dar-donishgo-i-davlatii-bohtar-ba-sharafi-r-zi-parchami-davlatii-to-ikiston-amoish-doir-shud/
