Парчам яке аз рамзҳои муҳими ҳар як давлат ба ҳисоб меравад ва ин парчам барои таҳкими пояи давлатдорӣ нақши калидиро мебозад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳою заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон 24-ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд қабул гардид аз ҳамон руз дар дили ҳар як миллати тоҷик парчам рамзи хушбахти ва садоқатманди овардааст.
Парчам рамзи нишони расмии ҳар як миллат аст ва ифтихорӣ мо тоҷиконро ифода мекунад, зеро маҳз Пешвои миллат имрӯз парчами тоҷикро дар қатори давлатҳои соҳибистиқлол парафшон гардонда аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат то ҳол парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гушаҳои дунё баланд парафшон аст ва дар арсаи байналмилалӣ парчами тоҷик ҷойгоҳи хоса дорад. Ин фарзонафарзанди тоҷик миллатро дар арсаи ҷаҳони бо парчами худ эътироф намуд. Парчам яке аз рамзҳои муҳими ҳар як давлат аст ва он нишонаи истиқлол, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Ҳар миллате, ки дорои парчам аст ӯ соҳиби забон буда байни дигар давлатҳо мақоми хосса дорад.
Парчами давлатии мо дар тамоми муассисаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо бо ифтихор парафшон аст. Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шукрона аз он мекунем, ки чунин миллати озод дорем ва озодона дар давлати худ қадам мезанем ва ҳамеша парчами парафшон дорем, сулҳу субот, оромию хурсанди мекунем. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
– Пешвои миллат мо дорои фарҳангу тамаддуни хоссаи худ ҳастем, ки тамоми мамлакатҳои дунё моро бо воситаи парчами худ мешиносанд;
Чуноне ки Пешвои миллат борҳо таъкид карданд: “Парчами миллӣ – мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустию ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллӣ” мебошад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи анъанаи пешини ливодории ниёгонамон ба ҳисоб меравад ва он дар рангҳои худ ормону орзуи поку беолоиши мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Имрӯз мо, мардуми кишвар бо Парчами миллии худ ифтихор дорем ва тамоми сайъу талоши худро содиқонаву софдилона ба кор мебарем, ки ин рамзи ошносозии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша парафшону пурҷило бошад. Парафшонии парчам дар миқёси ҷаҳонӣ аз минбарҳои бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишиву сайёҳӣ боиси шаъну шараф ва сарфарозии мардуми шарифманди тоҷик мебошад. Дар китоби маҷмӯаи «Суханҳои ибратомӯзи Президенти маҳбубамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» омадааст: «Мо бояд дар дили ҳар фард ҳанӯз аз синни кӯдакӣ нангу номуси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, ҳисси бузурги эҳтиромро ба рамзҳои муқаддаси давлат – Конститутсия, Нишону Парчам, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоти миллати хеш тарбия намоем».
Бале, ҳар як фарди худшиносу ватандӯст ва бонанги диёр аз партавфишонии Парчами миллӣ ифтихор мекунад.
Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ҳар вақте ки Парчами миллӣ дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зимни суханрониҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвоии миллат давлату миллати моро муаррифӣ мекунад ва ё ба ифтихори ғолибияти ин ё он варзишгар дар сатҳи байналмилалӣ суруди миллии тоҷикон садо медиҳад ва парчами Тоҷикистон боло бардошта мешавад, дилхоҳ шахсро ҳисси хушҳоливу фараҳмандӣ фаро мегирад. «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон, Тоҷикистон» гуфтани шоир ҳам ҳамин ғояи бузургро тарғиб мекунад, яъне, истиқлолу озоди абадӣ бод, Тоҷикистони азизи мо!
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи миллат ва нишон аз кишвари соҳибистиқлол ва мавҷудияти давлати комилҳуқуқе бо номи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Бигузор Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон парафшону бахтовар бошад!
Давлатбекзода ВАЙСИДДИН,
муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети педагогика ва варзиш
Исмоилова МАХФИРАТ,
донишҷӯи курси 1-уми факултети
педагогика ва варзиш
