Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 3 ноябри соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки мувофиқи он рӯзи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин сана ҳамасола ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Парчами миллӣ рамзи истиқлолу озодӣ ва худшиносиву худогоҳии миллат буда , муаррифгари он дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Барафроштани Парчами миллӣ гувоҳ аз сарбаландӣ ва сарфарозии миллат буда , баёнгари он аст, ки ин миллат устувор ва дар масири таҳаққуқи ормонҳои миллӣ побарҷост ва дар радифи тамоми миллатҳои дунё дорои симои аслӣ ва хосси худ мебошад. Инчунин пайёми мушахас барои тамоми аҳли башар дорад, ки он метавонад дар тамоми арсаҳо такони ҷиддие ба вуҷуд биоварад.
Пайдоиши аввалин парчамҳо ба замонҳои қадим рафта мерасад, ки сарчашмаҳои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд.
Парчамҳои аввалин дар шаклҳои гуногун бо инъикоси ҳайвонот, аз ҷумла шер, хирс, асп, гов, гург, уқоб, боша, бум, оҳу ва ғайраҳо мавҷуд буданд.
Ҳанӯз дар соли 550 пеш аз милод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърихӣ – Куруши Кабир империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиниҳо таъсис дода шуд. Ин давлат низ соҳиби парчами миллии худ буд. Дар парчами ин давлат уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.
Дар охир бояд қайд кард, ки бори аввал дар тӯли зиёда аз 70 сол, Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатӣ соҳиби парчами миллӣ шуд. Дар ҳоли ҳозир парчами Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил байни зиёда аз 220 давлати дунё ҷилва менамояд.
Ҳасанов Дустмурод,
дотсенти кафедраи ТИ ва МТИ
