Тоҷикистони соҳибихтиёр дар арафаи истиқболи ҷашни парчами давлатии худ қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳоло дар саросари кишвар 33-солагии ин муқаддасот, яъне парчами Тоҷикистон ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.
Зеро рӯзи парчам дар қатори ҷашнҳои дигари миллӣ, рӯзи фаромӯшнашавандаи таърихӣ ва ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Дар муносибатҳои байналхалқӣ истифодаи парчами давлатӣ қоидаҳои истифодабарии худро дорад, парчам дар бинои намояндагии дипломатӣ, консулгарӣ (агар дар бинои алоҳида ҷойгир шуда бошад), намояндагиҳои тиҷоратӣ, агар он ҳам бинои ҷудо аз намояндагии дипломатӣ бошад, қароргоҳи сафир он дар ҳолати ҳамешагӣ барафрохта мешавад.
Парчам дар рӯзҳои мотами давлати таъйинкунанда то ба нисфи парчамсутун пойин карда мешавад. Рӯзҳои мотами давлати иқомат ба ин қоида тааллуқ надорад.
Парчам набояд бисёр куҳнашуда бошад ва баробари сатҳи болоии парчамсутун барафрохта шавад. Агар дар назди бино чанд парчам барафрохта шавад, лозим аст, ки ҳамаи онҳо як миқёс дошта бошанд ва дар як сатҳ барафрохта шаванд. Ҳеҷ як парчам набояд аз парчамҳои дигар баландтар ё поёнтар барафрохта шавад, зеро мабдаи баробарӣ вайрон карда мешавад. Дар барафрохтани парчам низ ё усули саромадӣ ва ё алифбоӣ риоя карда мешавад.
Дар амалия бошад, маъмултарин тартиби барафрохтани парчам дар асоси тартиби алифбои лотинӣ ё алифбои забони давлатӣ иқомат анҷом дода мешавад. Ҷойи аз ҳама ифтихории барафрохтани парчам канори тарафи рост ё марказ ба шумор меравад. Дар як парчамсутун чанд парчами давлатҳои хориҷиро барафрохтан мумкин нест.
Вақти аз назди сафкашидагон бо парчам гузаштани ҳарбиён ба он изҳори эҳтироми ҳарбӣ мекунанд ва мақомдорон сарпӯши худро аз сар мегиранд.
Парчам ҳамчунин дар мошинҳои роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ истифода карда мешавад ва он дар шакли хурдкардашудаи парчам ва парчамсутуни мошинӣ дар ҳолатҳои истиқболӣ расмӣ дар самти пеши қаноти рости мошин насб карда мешавад.
Парчами давлатӣ матои якранга ва ё бисёрранга мебошад. Он дар маросими дипломатӣ, ҷашнҳои дохилӣ ва ғайра истифода мешавад, ҷои фахриро парчами кишвари меҳмон соҳиб мебошад (аз тарафи рост). Ҳангоми барафрохтани якчанд парчам ҷойи ифтихорӣ марказ ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми чорабиниҳои байналхалқӣ парчами иштирокчиёни он дар як қатор барафрохта мешавад. Дар ниҳодҳои байналхалқӣ аз ҷумла, ҷаласаҳои маҷмааи умумии СММ тартиби табақабанди тавассути қуръапартоӣ ва алифбо муайян мегардад. Вобаста ба он парчами кишварҳо барафрохта мешаванд. Парчами СММ дар марказ қарор мегирад. Парчамҳо мебояд андозаи баробар дошта, дар як сатҳ барафрохта шаванд.
Дар амалияи дипломатӣ парчамҳои андозаашон хурд дар рӯи мизи корӣ, дар конфронсҳои байналхалқӣ, дар воситаҳои нақлииёти мақомоти равобити хориҷӣ истифода мешавад. Дар шаҳрҳои бандарӣ парчамро метавон дар қаторҳое, ки ба мақсадҳои хизматӣ истифода мешаванд, насб намуд.
Муносибати беэҳтиромона ва ё қасдан вайрон намудани парчам тибқи қонун ҷазоро пешбинӣ менамояд.
Бо ифтихор метавон иброз дошт, ки имрӯз парчами давлати соҳибистиқлоли мо ҳоло дар равобити байналмилал бо тамоми меъёрҳои болозикр истифода мегардад ва маҳз тавассути он кишвари моро эътироф ва эҳтиром менамоянд.
Парчами давлатии ҶТ дар ҷараёни иҷлосияи таърихии XVI- и Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст. Қарори Маҷлиси Олӣ дар бораи парчами давлатии ҶТ 11 декабри соли 1999 таҳти №892 қабул гардидааст. Парчами Тоҷикистон ҳамқадам ва рамзи истиқлолияти давлатӣ буда, санаи қабули он ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори нахуст 24 ноябри соли 2009-ум бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ таҷлил гардид, ки ин ифтихори азим аст.
Дар фароварди сухан иброз менамоям , ки парчами давлатӣ рамзи шоистаи сарфарозӣ аз истиқлолу соҳибватанӣ ва омили муҳими ифтихор аз давлатдориву мустақилият буда, миллати тоҷик ҳанӯз дар гузаштаҳои дури таърихӣ дорои суннатҳои бошарафи парчамдорӣ буд. Ҳар як фарди бомаърифат ва соҳибхиради мамлакати озоду мустақили мо бояд парчами давлатиро чун рамзи сарбаландӣ ва сарфарозию ифтихор дуруст шинохта, ба бузургӣ ва муқаддас будани он ба таври шоиста арҷгузори карда, бо чунин муносибати ватандӯстона дар бунёди ҷомеаи пешрафта саҳм гузошта, садоқатмандона ва бо масъулияти баланд баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва эътибори миллату давлатамон дар сатҳи ҷаҳони муосир саҳмгузории арзанда намояд.
Абдуллоев Шарофиддин,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав
