Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки «халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.
Парчами давлатӣ на танҳо як рамзи расмии давлат аст, балки он ифодагари ҳувияти миллӣ ва нишонаи ифтихори ҳар як шаҳрванд мебошад. Барои ҳар як шахс, парчам мазмуни махсус дорад ва метавонад ба маъноҳои зерин алоқаманд бошад:
1. Ифтихори миллӣ – Парчам симои миллат ва давлат аст. Ҳар як шахс тавассути эҳтироми Парчам ба таърихи худ, қаҳрамонии гузаштагон ва дастовардҳои давлат арҷ мегузорад.
2. Рамзи ягонагӣ – Парчам одамонро аз миллатҳои гуногун зери як ҳадаф ва як мақсад муттаҳид мекунад. Он рамзи ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ миёни шаҳрвандони кишвар аст.
3. Маънавият ва ҳувият – Парчам як ҷузъи муҳимтарини фарҳангг ва шинохти миллат аст. Он дар дилу дидаи ҳар як шахс ҳисси ватанпарастӣ ва масъулиятшиносиро бедор мекунад.
4. Ифтихор аз Истиқлолият – Парчам нишонаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлат аст. Барои ҳар як шаҳрвандони озод он рамзи пеш ва озодии кишвар мебошад.
Ба ҳамин тариқ, Парчами давлатӣ на танҳо барои давлат, балки барои ҳар як шахс маънои қадр кардани арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ мебошад. Ҳар шахс вазифадор аст, ки онро эҳтиром кунад ва ба наслҳои оянда низ арзишманд будани онро талқин намояд.
Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 ноябри соли 1992 қабул гардида, аз се ранг – сурх, сафед ва сабз иборат мебошад. Дар маркази ранги сафед тоҷи заррин бо ҳафт ситораи нуронӣ ҷойгир аст.
Дар Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад, ки он эҳтироми махсуси мардуми тоҷикро ба ин рамзи муқаддас нишон медиҳад.
Парчами миллӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки нишонаи баландтари ифтихор, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар рӯйдодҳои муҳим, чорабиниҳои давлатӣ, варзишӣ ва илмӣ парчам ба парчами ифтихори миллат табдил меёбад ва нишон медиҳад, ки тоҷикон ҳамчун миллате бо фарҳанги қадимӣ дар арсаи ҷаҳон мақому нуфузи худро доранд.
Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар мактабҳо, муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳо ва манзилҳои мардум бо ифтихор мавқеи худро ёфтааст. Бузургдошти он на танҳо талаботи қонун, балки эҳтиром ба таъриху арзишҳои волои миллӣ мебошад. Ҳар нафаре, ки ба парчам арҷ мегузорад, дар воқеъ ба давлат, миллат ва ояндаи худ эҳтиром мегузорад.
Бинобар ин, Парчами миллӣ ҳамчун рамзи ифтихори давлатдорӣ моро ба ваҳдат, меҳнатдӯстӣ, сулҳпарварӣ ва худшиносии миллӣ ҳидоят мекунад. Он роҳнамои наслҳои имрӯз ва фардо буда, рамзи бақои давлат ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Арҷгузори ба арзишҳои миллӣ эътироф кардани тамоми арзишҳои гузаштаву имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои пос доштани руҳи онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати таърихиро ҳифз кардаанд. Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад.
Муҳаббат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг эътироф мешавад.
Хулоса парчами миллӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ буда, ифодагари таърих, фарҳанг, ормон ва ваҳдати миллати тоҷик аст. Рангҳо ва нишонаҳои он маънои амиқи миллӣ ва арзишҳои устувори ҷомеаро дар худ ҷой додаанд. Эҳтиром ба парчам – эҳтиром ба давлату миллат, Истиқлолият ва ояндаи кишвар мебошад.
Аз ин рӯ, Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ифтихори давлатдорӣ мардумро ба худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ваҳдатӣ миллӣ роҳнамоӣ мекунад ва ҳамчун рамзи бақои давлати ва шарафӣ миллӣ ҳамеша мавқеъи хосаи худро нигоҳ медорад.
Сулаймон Ғафорзода,
омӯзгори кафедраи химияи ораганикӣ ва биологии ДДБ ба номи Носири Хусрав

