Парчам гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон ба мерос монда, насли даврони Истиқлолиятро мебояд, ки онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ қадр намоянд ва ба он арҷ гузоранд.
Ҳамасола 24-уми ноябрро дар сартосари ватанӣ маҳбубамон Тоҷикистон ҳамчун рӯзи таҷлили Парчами давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ва боиси басо комёбии азими омӯзгорон ва донишҷӯёни ин даргоҳи махзани илму маърифат аст, ки бо ибтикори бевоситаи роҳбарияти факултет ин рӯз бо мақсади эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва густариши ҳисси миллии сокини ин сарзамин дар факултети мо ҳам ҷашн гирифта шуда истодааст. Парчам гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ифтихори ватандории ҳаряки шаҳрвандони кишвар, бахусус мо ҷаовонон аст.
Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далелели шуҳрату иқболи баланд ва шукўҳафзои истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат ва шуълаи имони мадуми бонангу номуси Тоҷикистони созибихтиёр мебошад»
Қайд карда ба маврид аст, ки Парчами миллӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар низоми давлатдории мо дорои аҳамияти бузург аст. Бори аввал 24-ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ аз тарафи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.
Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хосаи худро дорад. Парчами давлати ифодагари мақсаду маром ва орзую армонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтааст. Ҷавонони саодатманди кишвар! Парчам моро ба ҳаёти осоиштаю сулњу суббот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ҳидоят ва роҳнамои менамояд.
Аввалин бор бо ибтикори фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 24 ноябри соли 2009 рӯзи парчами милли дар қаламрави кишварамон таҷлил гардид, ва ҳамасола ин рӯз дар кишварамон бо танатана ва ифтихори баланди ватандори дар як сатҳи баланд таҷлил мегардад. Рўзи Парчами миллӣ, ки мо ҳар сол онро 24-ноябр ҷашн мегирем, иди сарбаландию ифтихор, истиқлолияти комил, пирўзӣ бар бадхоҳони мост. Нишонест, ки дар созмонҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ дар даврони соҳибистиқлоли давлатамон побарҷову парафшон гашта, аз мавҷудияти Тоҷикистону тоҷик номи як кишвари мустақил, як миллати комилу соҳибирода ба оламиён башорат медиҳад.
Парчами давлатӣ муаррифгари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчам низ баланд афрохта мешавад. Боиси ифтихор аст, ки дар миёни Парчами садҳо давлати дунё Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони амнияти дастаҷамъӣ дар Аврупо ҷилванамоӣ менамояд. Барафрохтани Парчами миллӣ дар дохил ва ё дар пештоқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, парафшонии он рамзи иқболу саодат ва комёбиҳои миллату давлати мост.
Яқубова Ҳанифа – омӯзгори факултети педагогика ва варзиш
