Дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили илмии “Тарҷумон”-и назди кафедраи рӯзноманигорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҳфил, муовини декан оид ба илм ва инноватсия Маҳмурод Раҳмонов, роҳбари маҳфил Шарипова Меҳрангез, омӯзгорони факултет Дилбар Иззатуллоева, Муҳаббат Маҳмадалиева, корманди рӯзномаи “Фурӯғ”-и донишгоҳ Хайрулло Саъдуллоев ва аъзои маҳфил иштирок доштанд.
Маҳфилро Шарипова Меҳрангез, омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ ифтитоҳ намуда, мавзуъҳои муҳокимашавандаро ба иштирокчиёни маҳфил муаррифӣ намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар раванди баргузории маҳфил фаъолона ширкат варзанд.
Дар маҳфил ду мавзуъ “Вижагиҳои тарҷумаи хаттӣ” ва “Парчами давлатӣ – рамзи сулҳу субот” баррасӣ гардид.
Дар идомаи маҳфил, Хайрулло Саъдуллоев корманди рӯзномаи “Фурӯғ”-и донишгоҳ ба сухан баромада, оид ба фаъолият, ҳаёти донишҷӯӣ, ҳамкорӣ бо нашрия баён дошт.
Иброз гардид, ки рӯзномаи “Фурӯғ”-и донишгоҳ пайваста баҳри ҳамкорӣ ва нашри мақолаҳои донишҷӯён омода аст ва донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигориро месазад, ки мақолаҳои омодакардаи худро дар рӯзнома ба табъ расонанд.
Маҳфил дар фазои илмӣ – фарҳангӣ ва муҳокимавӣ ҷараён гирифта, дар интиҳо байни иштирокчиёни маҳфил саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

