Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор шуд, ки дар он Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим ва аъзоёни Шуро иштирок намуданд.
Тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби Ш. Ҳасанов ҳолати феълии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ- методӣ дар факултетҳои химия ва биология, физика, техникӣ ва технологӣ баррасӣ гардид.Тибқи арзёбии онҳо, бархе корҳои илмӣ мувофиқи нақша иҷро шуда, зарурати тақвияти корҳо дар як қатор самтҳо боқӣ мемонад.
Дар идома, ҳолати амалӣ намудани нақшаи фанҳои интихобӣ дар факултетҳои донишгоҳ пешниҳод шуд. Ин бахшро таҳти роҳбарии Б. Ғафуров мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва як қатор тавсияҳо пешниҳод гардид.
Дар анҷом, масъалаҳои ҷорӣ муҳокима шуда, ба масъулон супоришҳои дахлдор дода шуданд.

