Имрӯз, дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Давлати Қатар, мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва муовини ректори Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифаи (HBKU) Давлати Қатар доир гардид.
Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, иштирок дар барномаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкили ҳамоишҳои муштарак ва дастгирии иқдомҳои нави инноватсионӣ изҳори таваҷҷуҳ карданд.
Зикр гардид, ки рушди робитаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ буда, чунин вохӯриҳо имкониятҳои васеъ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба фароҳам месозанд.
Донишгоҳи давлатии Бохтар омодааст дар оянда низ робитаҳои худро бо муассисаҳои бонуфузи таълимии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифа, тақвият бахшад.

