Имрӯз, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав муҳтарам Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо Директори генералии ширкатӣ сайёҳӣ Visit Qatar мулоқот доир намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ, таҷрибаандузии донишҷӯён ва хизматрасонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки Visit Qatar — яке аз манбаъҳои асосӣ ва платформаи расмии таблиғоти сайёҳӣ дар Давлати Қатар мебошад. Ширкат бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҷалби меҳмонон ва муаррифии имкониятҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва фароғатии кишвар фаъолият мекунад.

