Имрӯз Собирзода Шодмон, дотсенти кафедраи кафедраи таҳлили иқтисоди ва аудити Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав диссертатсияи доктории худро дар муассисаи пешбар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Таъминоти институтсионалӣ ва инфрасохтори идоракунии фаъолияти сармоягузорӣ дар комплекси агросаноатӣ (назария, методология ва амалия)”, зери роҳбарии мушовири илмӣ Мирсаидов Аврор Бобоевич – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир намуд.
Диссертатсияи мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рўйи ихтисоси 08.00.06 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.04 – Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо) пешбинӣ мешавад.

