Имрӯз 2-юми декабри соли 2025 ҷаласаи Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид. Нахуст, Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини рекетор оид ба таълими донишгоҳ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Тибқи нақша оид ба масъалаи аввал “Натиҷаи корҳои тарбиявӣ дар факултетҳои донишгоҳтдар партавӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28-уми декабри соли 2024” гузориши раиси комиссия Зарина Юсупова шунида шуд. Дар гузориш таъкид гардид, ки дар ҳамаи факултетҳо соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо ва барномаҳои маърифатӣ доир гардидаанд. Ҳамчунин, масъалаи “Иҷрои лоиҳаҳои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатми бакалаврӣ ва магистрӣ дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавии донишгоҳ” гузориши раиси комиссия А. Пиров мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин замина “Натиҷаҳои ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони ихтисосҳои омӯзгорӣ, ки соли 2025 хатм мекунанд, мавриди таҳлил қарор гирифт. Гуфта шуд, ки раванди таъмин кардани хатмкунандагон бо ҷойи кор дар муассисаҳои таълимӣ дар марҳилаи иҷро қарор дошта, талабот ба омӯзгорони ҷавон дар минтақаҳо рӯз аз рӯз афзоиш меёбад.
Дар қисмати охири ҷаласа масъалаҳои гуногун баррасӣ гардида, барои беҳтар намудани раванди таълим ва фаъолияти сохторҳои донишгоҳ қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

