Бино ба гуфтаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, «Шоҳнома» дорои 60 ҳазор байт буда, 120 ҳазор мисраъро ташкил медиҳад. Ба қавли муҳаққиқон адади нусхаҳои қаламии достон хеле зиёд аст, вале аз ҷиҳати миқдори байт онҳо ниҳоят гуногунанд. Баъзеи онҳо 40 ҳазор байт дошта бошанд, қисме аз он нусхаҳо то 80 ҳазор байт, яъне 160 ҳазор мисраъро дар бар мегиранд.
Тамоман равшан аст, ки дар мавриди аввал дар баъзе нусхаҳо агар достони «Шоҳнома» хеле кўтоҳ карда шуда бошад, дар мавриди дувум гоҳе ба матни аслии он байтҳои илҳоқӣ ба теъдоди то 20 ҳазор байт илова шудааст. Ин аст он душвории асосие, ки дар зарфи солҳои зиёд дар маркази диққати аҳли илми шоҳномашиносӣ истодааст.
