Имрӯз, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он ду нафар кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Фарзонаи Сафаралӣ, коргузори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ғолиби ҷойи дуюм аз руйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ва Шоитиборов Давлат, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти руси донишгоҳ ғолиби ҷойи сеюм, аз руй номинатсияи адабиёти ҷаҳон, миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дониста шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

