Имрӯз дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-082- и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи муваффақонаи рисолаи номзадии Муҳаммадзода Бобоҷон Муҳаммад, унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Таърихи ташаккул ва рушди низоми давлатдории империяи Ҳахоманишиён”, зери роҳбарии Қаҳҳор Расулиён, доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих
аз рӯйи ихтисоси (07.00.02 – Таърихи ватанӣ) пешбинӣ мешавад.

