Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинар – машварати омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон доир гардид.
Чорабини бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз гардид.
Сипас, Хуршед Давлатов, роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон, Тоирзода Муқимҷон, намояндаи Раёсати адлияи вилояти Хатлон, Диловар Зуҳуриён, ёрдамчии раиси Суди вилояти Хатлон андешаронӣ намуданд.

