Имрӯз, бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Бритониёи Кабир мулоқоти маҷозӣ дар сатҳи сардорони раёсатҳои робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи Хериот-Ватти Шотландияи Шимолӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд, аз ҷумла:
Ин мулоқот қадами муҳим дар самти тавсеаи робитаҳои байналхалқӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимиву илмӣ барои устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба ҳисоб меравад.
Маврид ба зикр аст, ки донишгоҳи мазкур яке аз донишгоҳҳои қадимаи Шоҳигарии Бритониёи Кабир ба шумор меравад. Он соли 1821 ҳамчун Мактаби санъатҳои Эдинбург (Edinburgh School of Arts) таъсис ёфт. Айни ҳол филиалҳои донишгоҳ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Малайзия фаъолият менамоянд, ки дар якҷоягӣ 24 ҳазор донишҷӯёнро ба таҳсил фаро мегиранд.

