Имрӯз бо ташаббуси факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинӣ сухани ифтитоҳии Фирдавс Нориён, сардори Раёсати илм ва инноватси донишгоҳ оғоз ёфт.
Дар идома, омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи инсон, дар мавзуи “Эҳтироми умумии ҳуқуқи башар дар низоми ҳуқуқии муосир” ва “Ҳуқуқ, озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ”баромад намуданд.

