Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки дар мавзуи “Инкишофи консепсияи воридотивазкунонӣ дар соҳаи бозори маҳсулоти гӯшту шир: назария, методология, амалия”, ҳимояи рисолаи докторӣ намуда буд, аз ҷониби раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи худро ёфт.

