Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таваҷҷуҳи ҳамаи устодони кафедраҳои факултетҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав мерасонад, ки санаи 12.12.2025, басти якум дар факултети математика толори №3, соати 09:50 дарси кушоди мудири кафедраи алгебра ва геометрия д.ф. (PhD) Миратов Сафархон Қудратович дар гурӯҳи 101 ихтисоси математика (фаъолияти илмию педагогӣ) аз фанни анализи математикӣ (шакли машғулият амалӣ) дар мавзуи «Бо истифода аз қоидаҳои Лопитал ҳисоб намудани ҳудудҳо» баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд дар ин машғулият иштирок намоянд.
