(Ба ифтихори 1160– солагии мутафаккири бузурги форсу тоҷик Абубакр Муҳаммад Закариё Розӣ)
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рӯзҳои 30-31 октябри соли ҷорӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Саҳм ва нақши Муҳаммад Закариёи Розӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ” бахшида ба 1160 – солагии ин донишманди бузург баргузор гардид. Конференсия бо ташаббус ва дастгирии Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табииётшиносӣ ва техника, хусусан директори ин муассиса, муҳаққиқи варзидаи осори Закариё Розӣ, д. и. ф.-м., академики Академияи байналмилалии мактабщои олӣ, профессор Абдулҳай Комилӣ роҳандозӣ гардид. Яке аз мақсадҳои баргузории ҷорабиниҳои гуногун дар ин самт аз ҷумла, чорабиниҳои сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ тарғиби арзишҳои умумибашарии таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷикону форсизабонони тамоми дунё маҳсуб меёбад.
Закариёи Розӣ аз зумраи он мутафаккиронест, ки дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илм аз ҷумла, фалсафа, физика, химия, тиб, риёзиёт ва ғайра ҳиссаи арзанда дорад. Шумораи рисолаҳои илмии ӯ мувофиқи баъзе сарчашмаҳо ба 184 адад мерасанд, ки 61 тои он то замони мо омада расидаанд. Доктор Маҳмуд Наҷмободӣ теъдоди асарҳои ӯро 270 адад меҳисобад. Дар бораи Муҳаммад Закариёи Розӣ ва осори ӯ донишмандони маъруфи асрҳои гузашта Ибни Надим, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Котиби Хоразмӣ, Носири Хусрав, Алии Байҳақӣ, Ибни Қифтӣ, Ибни Абиусайба, Ибни Халликон, Абдурраҳмони Хозинӣ, Фахриддини Розӣ ва дигарон маълумот додаанд. Ин бузургони илму дониш дар асарҳояшон борҳо ба Закариёи Розӣ ишора намудаанду дастовардҳои илмии ӯро беназир арзёбӣ кардаанд. Зиндагинома ва осори Закариёи Розӣ диққати олимону муҳаққиқон: Маҳмуди Наҷмободӣ, Али Ҳаравӣ, Аббос Ҷалилӣ, Забеуллоҳ Сафо, Маҳдии Муҳаққиқ, Парвиз Азкоӣ (Спитамон), Аҳмад Айс, Ҷорҷ Сартон, Ричард Фрай, Эдвард Браун, Ҷорҷ Зейдон, Юлиус Руска, Зигрид Хунка, Шад Парвиз, Фигуровский Н. А., Убайдулло Каримов, Мусо Диноршоев, Абдулҳай Комилӣ ва чанде дигаронро ба худ ҷалб намудааст. Агар қисме аз ин муҳакқиқон ба осори Закариёи Розӣ ишораҳо карда бошанд, қисми дигарашон дар ин самт мақолаю рисолаҳои алоҳида навиштаанд.
Бисёр асарҳои Закариёи Розӣ ҳанӯз асрҳои X-XIII дар Аврупо тарҷума шуда, чандин маротиба такроран нашр шудаанд. Бознашри асарҳои ба илми тиб бахшидаи Закариёи Розиро зиёда аз 230 маротиба арзёбӣ менамоянд. Донишмандон ва муҳаққиқони кишвари мо асосан дар асри XX ба таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни ҳаёту фаъолият ва осори илмии ин мутафаккир машғул шудаанд. Олимону файласуфони шинохтаи тоҷик: А. Баҳоваддинов, М. Диноршоев, Ғ. Ашӯров, К. Беков (Бекзода), А. Шарипов, Н. Қулматов ва дигарон бештар ҷабҳаҳои фалсафии осори Закариёи Розиро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор додаанд. Ба масъалаҳои ахлоқӣ дар фалсафаи Закариёи Розӣ бошад, муҳаққиқони тоҷик С. Ҳайдарова, З. Хурамов, А. Шамолов, М. Исоев таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин бора асару мақолаҳо ба табъ расонидаанд. Дар асарҳои М. Осимӣ ва Ф. Сироҷов низ ба ақидаҳои ахлоқии Закариёи Розӣ ишора шудааст.
Дар бораи саҳми Закариёи Розӣ дар рушди илми химия З. Н. Юсуфов, Б. Р. Қурбонов, Г. Наврӯзов, С. Ҳакимхоҷаев ва Ҳ. Иброҳимов дар мақолаҳои илмиашон маълумот додаанд.
Асарҳои Закариёи Розӣ “Тибби Мансурӣ”, “Тиб-ул-фуқаро” ва “Ал-ҳовӣ” ӯро дар ҷаҳон ва хусусан дар олами тиб маълуму машҳур намудаанд. Дар бораи осори тиббии ин мутафаккир дар асарҳои М. Ғуломов, Ю. Исҳоқӣ, А. Қаҳҳоров, З. Раҳимов, Ю. Нуралиев, И. Соатов, С. Нодирӣ ва чанде дигарон ишораҳо мавҷуданд. Чи тавре ки муҳаққиқони осори Закариёи Розӣ иброз медоранд, олимону донишмандони моро дар ин самт корҳои зиёде дар пеш аст.
Дар тарҷумаи осори Заккариёи Розӣ академик Мусо Диноршоев ва доктор Тоҷиддин Мардонӣ мақоми хоса доранд. Дар ин самт корҳои А. Девонақулов, М. Бақоева ва С. Раҳимзодаро низ қайд кардан зарур аст. Боиси тазаккур аст, ки Юлиус Руска, Маҳмуд Наҷмободӣ, Маҳдии Муҳаққиқ, Мӯсо Диноршоев, Убайдулло Каримов ва Абдулҳай Комилӣ ҳамчун розишиносони варзидаи ҷаҳони муосир эътироф шудаанд.
Баррасии маълумоти дар боло пешниҳодгардида боз ҳам гувоҳи он аст, ки осори Закариёи Розӣ фарогири соҳаҳои гуногун буда, хеле фароху доманадор мебошад. Табиист, ки ба омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва баррасии он олимону муҳаққиқони зиёде машғул шудаанд. Мо дар ин ҷо дар шакли умумӣ аз баъзеи онҳо ёдовар шудему чанде дигарон аз назар дар канор монданд. Дар бораи олимону донишмандони кишварамон, ки осори Закариёи Розиро таҳқиқ намудаанд, Шариф Комилзода ва Мирзо Муллоаҳмад низ дар мақолаашон маълумоти муфассал додаанд.
Мо аз он ифтихор дорем, ки бо ташаббус ва дастгирии мустақими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1150 – солагии Абубакр Муҳаммад Закариё Розиро бо тантана ҷашн гирифта будем. Бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистону Эрон 1150-солагии Закариёи Розӣ вориди феҳрасти ҷашнвораҳои ЮНЕСКО гардида, ботантана ҷашн гирифта шуд. Дар арафаи ин ҷашн, яъне, 1150-солагии Закариёи Розӣ рисолаи “Абубакр Закариёи Розӣ донишманди оламшумул” (муаллифон К. Олимов, К. Аскардаев) ва “Абубакр Закариёи Розӣ” (муаллифон Муҳаммад Абдураҳмон, Хайриддин Идиев) рӯйи нашр омаданд.
Дар ДДБ ба номи Носири Хусрав низ бахшида ба ин ҷашн зери унвони «Нақш ва аҳамияти осори Абубакр Муҳаммад Закарёи Розӣ дар тамаддуни олами асримиёнагӣ ва муосир» конференсияи илмӣ-назаривии байналмилалӣ баргузор гардид. Ин конференсияро ҳам бо ташаббуси вориси муосири Закариёи Розӣ профессор Абдулҳай Комилӣ гузаронида будем. Илова ба ин, профессор Абдулҳай Комилӣ ду рисола бо номҳои “Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ” ва “Закариёи Розӣ ва “Тарозуи физикӣ”-и ӯ” ба табъ расонида буд. Солҳои зиёдест, ки Абдулҳай Комилӣ дар бораи зиндагинома ва осори илмии Закариёи Розӣ таҳқиқот мебарад. Ӯ асосан осори физикии ин мутафаккирро мавриди омӯзиш, таҳқиқ ва баррасӣ қарор додааст. Чи тавре ки худи Абдулҳай Комилӣ иброз намудааст, Закриёи Розӣ ҳамчун физик на онқадар маълуму машҳур аст. Ӯро ҳамчун химик бештар мешиносанд, вале рисолаҳои физикии Закариёи Розӣ якуним маротиба аз рисолаҳои ба химия бахшидааш, зиёдтар аст.
Абдулҳай Комилӣ соли 1992 дар мавзӯи “Осори физикии Закариёи Розӣ ва Ибни Сино” рисола ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи номзади илмҳои таърих гардид. Рисолаи доктории ӯ ба мавзӯи “Физикаи Осиёи Марказӣ дар асрҳои IX-XIII”, бахшида шуда, соли 2000 ҳимоя гардида аст. Комилӣ дар ин таҳқиқоти илмии худ низ ба осори физикии Закариёи Розӣ рӯй оварда, онро дар баробари дигар мутафаккирони қарнҳои мутазаккира омӯхта, таҳлилу баррасӣ намудааст. Ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шуравӣ Абдулҳайи ҷавон дар конференсияҳо ва дигар ҳамоишҳои илмӣ ширкат варзида, дар бораи осори мутафаккирони асрҳои миёна аз ҷумла, Закариёи Розӣ баромад мекард. Соли 1987 дар конференсияи илмӣ-амалии республикавии олимони ҷавони РСС Тоҷикистон дар бораи осори физикии Закариёи Розӣ ва дигар мутаффаккирони Шарқ маърӯза карда буд. Соли 1990 бошад, дар конференсияи илмии умумииттифоқии аспирантон ва олимони ҷавон дар шаҳри Маскав дар мавзӯи “Осори физикии Абубакри Розӣ” гузориш дод. Дар матбуоти даврӣ низ зери унвони “Ҳаким буду аз асрори олам огаҳ”, “Хирадманде зи хоки Рай” ва амсоли онҳо мақолаҳои илмӣ-оммавӣ менавишт. Оҳиста-оҳиста зиндагиномаю осори физикии Закариёи Розӣ ба яке аз самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотии ӯ мубадал гашт. Акнун мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои бонуфӯзи дохили кишвар ва хориҷа нашр мешуданд. Ӯ мунтазам дар конференсиҳою дигар ҳамоишҳои илмӣ ҳамчун мутахассиси варзидаи ин соҳа даъват мешуд. Хамин тавр, мақолаю гузоришоти илмии Абдулҳай Комилӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои ИМА, Русия, Белгия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Банғола, Эрон ва ғайра ба табъ мерасиданд.
Айни ҳол, Абдулҳай Комилӣ мақолаҳои зиёди илмие дорад, ки онҳо дар маҷаллаҳои дар феҳрасти Комиссияи Олии Аттестатсионии Тоҷикистон ва Комиссияи Олии Аттестатсионии Русия сабтгардидаю дигар маҷаллаҳои бонуфӯз нашр шудаанд. Аз қабили: “Абубакр ар-Рази – физик”, “Физика в эпоху Саманидов”, “Вклад Абу Бакра ар-Рази в развитие физической науки на средневековом Востоке”, “The Problems of Physics in the Works of ar-Razi and Ibn Sina”, “The Problems of Physics in the Works of ar-Razi and Ibn Sina”, “Учения Абубакра ар-Рази о пространстве, времени, материи и атомистике”, “Абубакр Закарийа ар-Рази – великий персидско-таджикский физик, философ и педагог”, “Закариёи Розӣ ва Бӯалии Сино – пизишк ва физикдони овозадори форсу тоҷик”, “Вопросы геометрической оптики в трудах Абубакра Мухаммад ибн Закариййа ар-Рази”, “Вопросы нравственного и гуманистического воспитания в трудах Абу Бакра ар-Рази”, “О естественнонаучным, философским и педагогическим учением Абубакра ар-Рази”, “Қиёси вопасин лаҳзаҳои ҳаёти Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Леонард Эйлер”, “Андар шинохти Муҳаммад Закариёи Розӣ” ва ғайра.
Аввалин маротиба осори физикии Закариёи Розӣ дар шакли китоби алоҳида бо якҷоягии физикаи ибни Сино бо номи “Физикаи Розӣ ва ибни Сино” соли 1999 дар шаҳри Маскав рӯйи нашр омад. Муаллифи он Абдулҳай Комилӣ буда, онро нашриёти Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов чоп карда буд.
Абдулҳай Комилӣ рисолаи дигаре бо номи “Физика Абубакра ар-Рази”, зери таҳрири доктори илмҳои физика-математика, профессор, академики АМИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ нашр намудааст. Ба рисолаи ӯ академики АМИ ҶТ Диноршоев М. Д. ва д. и. ф-м., профессор Николаев П.Н. тақризу баҳои баланд додаанд. Рисоларо нашриёти ООО “Издательство МБА”-и шаҳри Маскав (бо забони русӣ) чоп кардааст. Ин таълифоти А. Комилӣ дар бораи физикаи Абубакри Розӣ нисбати таълифоти пештарааш муккамалу васеътар буда, он “Тарозуи физикӣ”-и ин мутафаккирро низ дарбар мегирад. Онро муаллиф дар асоси сарчашмаҳои иловагии гуногуни асримиёнагӣ ва таҳқиқоти олимони муосири дохилию хориҷӣ ба қалам додааст. Рисола аз таърихи элементҳои физикӣ дар илми дунёи қадим ва зиндагиномаи Закариёи Розӣ оғоз ёфта, бо баррасии осори физикии ин мутафаккир анҷом меёбад. Аз ҷумла, осори Абубакри Розӣ доир ба физика ва ақидаҳои физикии ӯ, таълимот дар бораи фазо, вақт ва материя, назарияи атомистикӣ, оптикаи геометрӣ, назарияи вазну вазни хос ва ғайра масъалаҳое мебошанд, ки дар ин рисола баррасӣ шудаанд. Дар бораи таъсири асарҳои Закариёи Розӣ ба инкишофи минбаъдаи физика боби алоҳида бахшида шудааст. Дар охир рӯйхати рисолаҳои Закариёи Розӣ, ки ба физика бахшида шудаанд, дар шакли замима пешниҳод шудаанд. Ин рӯйхат 38 ададро ташкил дода, дар он номи рисолаҳо бо забони арабӣ ва русӣ дарҷ ёфтаанд. Агар ба феҳрасти адабиёти истифодашудаи муаллиф дар ин рисола назар афканем (ин феҳраст аз 80 номгӯй иборат аст), он гоҳ ба осонӣ пайхас менамоем, ки то чи андоза маълумоти илмӣ-таърихии гуногун коркард шудааст. Феҳрасти мутазаккира адабиёти гуногунро роҷеъ ба Закариёи Розӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабӣ дар бар мегирад. Ин рисола дар радифи китоби маъруфи ӯ “Физика Авиценны”, ки ба забонҳои англисию қирғизӣ дар ИМА ва Ҷумҳурии Қирғизистон тарҷума шудаанд, дар чандин намоишҳои байналмилалии китоб дар шаҳрҳои Москва, Минск, Франкфурт дар Май, Ню-Дели, Истамбул, Пекин ва ғайра ба намоиш гузошта шудааст.
Чи тавре ки болотар иброз доштем, рисолаи дигари Абдулҳай Комилӣ “Закариёи Розӣ ва “Тарозуи физикӣ”-и ӯ” ном дорад. Аз замонҳои қадим то асри XVII муайян намудани вазни хоси модаҳо яке аз масъалаҳои муҳими физикаи амалӣ маҳсуб меёфт. Ҳар яки мо аз замони мактабхониамон ривоятро дар бораи муайян намудани таркиби тоҷи шоҳ, ки ба ҳалли он Архимед машғул шуда буд, медонем. Ин ривоят асоси воқеӣ дошта, ҳалли он ба системаи донишҳо дар бораи вазни хоси модаҳо вобаста аст. Закариёи Розӣ ба ҳалли ин проблемаи физикаи амалӣ низ машғул шудааст. “Тарозуи физикӣ” ӯ асосан ба ҳамин масъала бахшида шудааст. Абдулҳай Комилӣ ин паҳлӯи осори физикии Закариёи Розиро дар мақолаю рисолаҳои гуногуни худ бо забони русию тоҷикӣ баррасӣ намуда буд. Аз ин лиҳоз, рисолаи навбатии ӯ як навъ ҷамъбасти маводи пештарааш дар ин самт бо тағйироту иловаҳо мебошад, ки бо забони тоҷикӣ пешкаш шудааст.
Оид ба корҳои илмии Абдулҳай Комилӣ дар самти омӯзиш, таҳқиқ ва баррасии осори Закариёи Розӣ имкони боз ҳам зиёдтару васеътар сухан гуфтан вуҷуд дорад. Дар маводи конфересияи болозикри соли ҷорӣ бахшида ба 1160-солагии Закариёи Розӣ муҳаққиқон Ф.Қ. Раҳимӣ, М.М. Низомова, А.Н. Ниёзӣ, Н.М. Маъмурзода ва А.Х. Муминов паҳлӯҳои дигари хизматҳои профессор Абдулҳай Комилиро дар таҳқиқи осори Закариёи Розӣ рӯйи нашр овардаанд, ки шоистаи таваҷҷӯҳи хоса аст. Мо боварӣ дорем, ки дар ин бора мақолаҳои дигаре низ ба табъ хоҳанд расид. Мавриди қайд аст, ки рисолаҳою мақолаҳои дар ин соҳа таълифнамудааш Абдулҳай Комилиро ҳамчун муҳаққиқи зиндагинома ва осори Абубакри Розӣ ё худ ҳамчун розишинос муаррифӣ менамоянд. Профессор Абдулҳай Комилӣ доимо дар ҷустуҷӯйи маводи таърихии таҳқиқнашуда ва ё нисбатан камтаҳқиқ буда, ба ҳаводорони осори Закариёи Розӣ ҳамеша паёмҳои нав ба нави илмиро ирсол менамояд.
А. О. Абдураҳимов н. и. ф.-м., дотсенти
ДДБ ба номи Носири Хусрав

