Хабари бераҳмона кушта шудани Қобилҷон, кӯдаки 10-солаи тоҷик, дар Федератсияи Русия моро ва, бовар дорам, ҳар узви бедордили ҷомеаи моро ба ҳолати сангини рӯҳӣ гирифтор кард.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳамла аз ҷониби як навраси 15-солаи рус анҷом ёфта, ҷабрдида, ки хонандаи синфи 4-уми мактаб буд, бар асоси мансубияти миллӣ, яъне ғайрирус буданаш ҳадаф қарор гирифтааст. Ин ҷузъиёт фоҷиаро боз ҳам дардноктар месозад, зеро сухан аз зӯроварие меравад, ки бо нафрати миллатгароёна омехта шудааст.
Боз ҳам риққатовар он аст, ки чунин амали ваҳшиёна, фашистона, миллатбадбинонаро як навраси ҳамагӣ 15-сола анҷом додааст. Яъне эҳсоси бегонаситезӣ дар Русия хеле ва хеле ҷавонтар шудаасту мутаассифона, аллакай ба замири кӯдакон ҳам роҳ ёфта истодааст.
Чанд лаҳза пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҳамла ба кӯдаки 10-солаи тоҷик дар Маскавро «нафрати миллӣ» хонда, онро қотеона маҳкум кард. Дар пайи ин ҳодиса Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуда, ба ӯ нотаи эътирозӣ пешниҳод гардидааст. Дар ин нота Тоҷикистон аз Русия талаб кардааст, ки «тафтишоти фаврӣ, объективӣ ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро анҷом диҳад ва ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад».
Давлати Тоҷикистон аз тариқи сафорати худ дар Маскав ин қазияро таҳти назорати ҷиддӣ гирифта, бо ниҳодҳои дахлдор дар иртибот аст.
Рад кардан мумкин нест, ки дар ин ҳодиса унсури нафрати миллӣ нақши ҳалкунанда бозидааст. Ин руйдоди сахт моро водор месозад, ки ба масъалаи паҳншавии андешаҳои ифротӣ ва миллатгароии тундрав ҷиддӣ назар кунем. Вақте ин гуна ғояҳо дар зеҳни наврасон ҷой мегиранд, ҷомеа бо оқибатҳои фоҷиабор рӯ ба рӯ мешавад.
Нигаронии дигар ба фазои иттилоотӣ марбут аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои эҳсосӣ, суханони тезу ангезанда ва даъватҳои номустақим ба интиқом ба назар мерасанд. Чунин бархӯрдҳо дардро кам намекунанд, баръакс, метавонанд ба оташи нафрат равған андозанд.
Бояд дар хотир дошт, ки садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Аз таҷрибаи чанд сол пеш медонем, ки сухани беандеша метавонад ба амнияти онҳо таъсир расонад.
Марги ҳар кӯдак, хусусан агар ғайритабиӣ ва бо зӯроварӣ сурат гирифта бошад, фоҷиаи бузург аст, ки қалби ҳар инсонро ба дард меорад.
Имрӯз ҷомеа бояд ба ҳифзи арзишҳои инсонӣ рӯ оварад. Ба фарзандонамон, наврасону ҷавонон таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсонро омӯзонем.
Ба аҳли хонаводаи мотамзада сабру шикебоӣ мехоҳам. Ҳарчанд медонам, ки дарди саҳл нест.
Рӯҳи ин кӯдаки маъсум ором бод. Тамоми тоҷикони дунё ғамшарику дуогӯянд.
дотсенти кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
