Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамлаи хусумати миллидошта ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Қобилҷон, хонандаи синфи чоруми мактаби миёнаи Успенскии шаҳраки Горки 2-и минтақаи шаҳрии Одинтсовскии вилояти Москваро, ки 16 декабри соли 2025 дар бинои мактаб рухдодаро, ки дар натиҷа шаҳрванди мазкур ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расонида шуд, қатъиян маҳкум менамояд.
Вазорат бо андӯҳи амиқ ба аҳли оила ва наздикону пайвандони шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори таслият менамояд.
Дар робита ба ин ҳодиса, сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Григорев ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват гардида, ба ӯ ёддошт бо талаби аз ҷониби Русия фавран, воқеъбинона ва беғаразона гузаронидани таҳқиқоти ин ҳодисаи фоҷеабор ва ба ҷавобгарии қатъии қонунӣ кашидани ҳамаи ашхоси дастошта, супорида шуд.
Ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷиҳати мунтазам дар тамос будан бо наздикону пайвандони марҳум ва инчунин зери назорат гирифтани мавзуи мазкур дастур дода шудааст.
