Мусаллам аст, ки ҳамасола Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ироа карда мешавад ва он фарогири тамоми нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ буда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро таҷассум менамояд. Паёми навбатии Пешвоми миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар санаи 16.12.2025 ироа гардид фарогири тамоми масъалаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвари азизонро дар бар мегирифт.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон такид намуданд, ки дар соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт, ки дар натиҷа рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидаст.Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш дода шуд. Дар Паём такид гардид, ки даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфта, соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид.
Пешвои миллат зикр карданд, ки амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад, ки дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад.
Ҳоло дар кишвар дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.
Пешвои миллат такид намуданд, ки дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем.
Наимзода Бекмурод,
дотсент мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ
