Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон дар поёни соли
молиявӣ Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизорӣ мекашанд ва ин бесаба нест, чунки Паём паёми шодбошӣ ва муждаи нек аст. Мужда аз он аст, ки мо чи кардем ва ба чи муваффақ шудем ва боз барои расидани ба аҳдофи аслии хеш дар масири бунёди давлати миллӣ чӣ қадамҳое мебардорем.
Ин Паём дар канори далелу фактҳои бисёр аз иқтисоду фарҳанг, роҳу беҳдоштӣ ва риштаи кишоварзӣ ба назари ман як нуктаи хеле муҳиммеро дар худ дошт, ки ин ҳаллу фасли масъали марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва бастани шартномаи сулҳи абадӣ бо Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон мебошад.
Чаро ин нукта муҳим аст, аз он хотир, ки мо агар ба таърихи башарият нигоҳ кунем, кам андар кам мавридеро метавонем пайдо кунем, ки дар он масъалаи марзӣ ҳаллу фасл шуда бошад ва тарафҳои даргир масъаларо ба сулҳ ба итмом расонида бошанд.
Агар ба харитаи ҷаҳон назар андозем, мебинем, ки
имрӯз аксари кишвариҳои дунё бо ҳамсоягони хеш мушкилоти марзӣ доранд, барои мисол Ҳиндустон ва Покистон, Покистон ва Афғонистон, Эрон ва Ироқ, Ҳиндустон ва Чин, Россия ва Жопон ва боз даҳҳо кишварҳои дигарро ном бурдан мумкин аст, ки мушкили марзӣ доранд ва ин мушкилот даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо инҷониб идома пайдо карда истодааст, аммо ҳаллу фасл нашудааст ва ба қавли маъруф равшанӣ дар поёни нақбро касе дида наметавонад.

Хушбахтона, масъалаи марзии мо бо Қирғизистон, ки
беш аз 100 сол қабл ба вуқуъ пайваста буд ва мисли бемории музмин гоҳу ногоҳ дард пайдо мекард ва хунчакон мешуд ва ҷони чандин нафарро мерабуд, муаллақ монда буд ва бо эҳтимоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаллу фасл шуд.

Чаро, ман хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳаллу фасли мусолиматомези ин мушкил ва муноқиша бештар медонем, чунки аз шинохте, ки ман аз қирғизҳо дорам баъид аст, ки онҳо ташаббускори ин сулҳу салоҳ бошанд.
Ин Пешвои хирадпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳомн
буд, ки бо такя ба фарҳанги чандинҳазорсолаи миллати тоҷик «Гуфтори нек, пиндори нек ва кирдори нек» ба ин минтақа ва мардумони ин минтақа сулҳу суботи доимӣ оварданд. Дар ин бора худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солӣ ҷорӣ чунин фармудаанд: «Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат –Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд».

Ин ба назари инҷониб дар канори гуфтаҳои дигар, нуқтаи
муҳиммтарини ин Паём буд. Чун ин тавофуқ дар байни кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ватани моро ба макони сулҳу суботи абадӣ табдил додааст. Ва роҳро барои рушду тараққии Ватани азизамон ҳамвор намуд.

Шарифзода Шарифхон,
мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ