
Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.
Дар таърихи 16 – уми декабри соли ҷорӣ паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар баъшҳои он ба сокинони кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ пешниҳод гардид.
Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон, аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон едовари намуда таъкид доштанд: “Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо”.
Инчунин дар таърихи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Боиси хурсанди ва сарфарозист, ки ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми сатҳи баландро касб намуда сокинони сайёраро барои даъват ва пазируфтани ин қатъномаҳои башари Тоҷикитсонро чун кишвари боэътимоди зеҳнию башарӣ эътироф намудаанд. Аз ҷумла ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолии худ, тавонист бо дастовардҳои таърихию иқтисодӣ номил гардад. Маҳз дар Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж ин ташаббуси Тоҷикистонро эътироф қабул намуданд, ки баёнгари демократию ҳуқуқбунёдии кишвар шаҳодат медиҳад.
Қабул гардидани ин ташаббусҳо маҳз эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубраму рӯзмарраи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлати тоҷикон зимни суханрониии худ иброз намуданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд, гуфт Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ин гувоҳи аз он медиҳад, ки мардуми шарафманди тоҷик дар арсаи илму маориф ва тамоми бахшҳои хоҷагии халқ саҳимбуда, чун намояндагони орифу маърифатпарвар шинохта шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ- Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ меросбари ин мардуми ниёкон буда, маҳз бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. То ин ки мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик омӯхта шавад. Боиси ифтихор аст, ки ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Дар ин Паём тамоми самтҳои хориҷию дохилии мамлакат аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии сайёра марвиди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, хатаҳои элологӣ, хушксолӣ, норасоии оби ошомиданӣ дар сайёра, вазъи амну суботи сартосарии сокинони кишвар ва ҷаҳон, хатарҳои киберӣ- интернетӣ аз масаъалоҳе буданд, ки барои сокионон мамлакат ва пайёмадҳои он ёдоварӣ намуданд.
Боиси қайд аст, ки паёми ҳамасолаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар ироа мегардад. Ин таъкидҳои сарвари давлат баро беҳтару бештар талош намудани сокинони кишвар ва минтақа равона гардидааст, ки бояд онро мо сармашқи кори хеш қарор диҳем.
Умед НАЗАРОВ,
омӯзгори кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
