
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои фархундае ироа гардид, ки ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон самараи як соли ҳаёту фаъолияти хешро дар масири рушду пешрафти Ватани азизи худ натиҷагирӣ карда истодаанд. Дарвоқеъ ҳам, соли 2025 барои сокинони шарафаманди Тоҷикистони соҳибистиқлол як сол пур аз дастоварду бурдбориҳо, соли ҷаҳду талошҳо дар масири корҳои бузурги ободониву шукуфоии кишвари азизамон арзёбӣ мегардад, ки мардум бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби худ ҳама ҳастии худро баҳри истиқболи арзанда аз ҷашнвораи таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидаанд.
Чуноне, ки Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми навбатии худ изҳор доштанд, соли сипаригардида бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид. Зеро дар ин соли пур аз дастоварду муваффақиятҳо дар ҳама самтҳои давлатдорӣ ҳамзамон, дар кишварамон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин сол бо ибтикори Роҳбари давлат масоили сарҳадии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаллу фасли худро пайдо кард. Инчунин, дар соли 2025 шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём оид ба муҳимтарин дастовардҳои соли 2025 иброз доштанд, ки дар соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Ҳамчунин, имсол бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.Маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Бемуҳобо ҷонибдории ин ташаббусҳои ояндасози Пешвои муаззами мо дар арсаи ҷаҳонӣ нишони эътироф ва таваҷҷуҳи хосаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ арзёбӣ мегардад.
Роҳбари давлат зимни Паёми аз самараи 10 соли тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амсири рушду тараққиёти иқтисодӣ татбиқи барномаву стратегияҳои миллии рушд, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст, ёдовар гардид. Тибқи таҳлилҳои Сарвари давлат дар соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин муддат баҳри таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Зикр гардид, ки дар соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Пешвои муаззами миллат оид ба натиҷаҳои татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ибрози андеша намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки дар давраи солҳои 2019 – 2025 дар кишварамон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла дар соли 2025-ум дар мамлакат 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Дар умум, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ фарогири тамоми масъалаҳои мубрами ҷомеа ва ҳама самтҳои давлатдорӣ буда, ҳамчун, роҳнамои ҷомеа барои як соли оянда ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат саъю талош хоҳанд намуд.
Пешвои муаззами миллат зимни Паём ёдовар гардиданд, ки дар соли 2026 дар кишварамон санаи фархундаи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бо тантана ва дастовардҳои бузург дар ҳама ҷабҳаҳои корзор ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин, ҳар яки мо аз коргари одӣ то аҳли маорифу фарҳанг ва дигар фаъолони ҷомеаро мебояд, ки бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлатамон иттиҳоду сарҷамъона заҳмат кашида, саҳми арзандаи худро дар амалисозии ҳадафҳои бузурги миллату давлатдорӣ мегузорем, ки рушду пешрафти Ватани азизамон мояи обурӯву нуфузу мо ва Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ аст.
Наргис Нурализода,
муовини ректор оид ба тарбия
