Дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабри соли 2025 ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва сокинони кишвар пешниҳод гардид, масъалаҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Сокинони кишвар, бахусус кормандони соҳаҳои илму маориф бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва ватандӯстиву масъулиятшиносӣ Паёми навбатиро тавассути телевизион дастаҷамъона тамошо намуда, мавқеи худро нисбат ба ин ҳуҷҷат, ки дурнамои соҳаҳои хоҷагии халқро фаро мегирад, муайян намуда, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат фаъолият намуда истодаанд.
Яке аз масоили меҳварӣ дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду тавсеаи гуногунҷабҳаи соҳаи илму маорифи кишвар мебошад. Сарвари давлат бо изҳори хушнудӣ ва эътимод ба кормандони соҳаи маориф ва илм баён доштанд, ки маҳз фаъолияти пурсамари кормандони ин соҳаҳо имкон фароҳам меорад, ки мутахассисони варзидаи ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ҷавобгӯ омода гардида, дар пешрафту рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд. “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.
Дар воқеъ, соҳаҳои илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, барои рушди ин соҳаҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар маблағҳои зиёде ҷудо мегарданд, ки пеш аз ҳама ин аз ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ҳамасола бо дастгирии ҳукумат, соҳибкорону шахсони ватандӯст дар кишварамон муассисаҳои зиёди таълимӣ ва илмӣ бунёд мегарданд, ки ин омил ба сатҳи маърифату илмомӯзии насли наврасу ҷавони кишварамон мусоидат мекунад. Сарвари давлат аз зиёд намудани маблағзузориҳо ба соҳаҳои илму маориф ёдовар гардида, зикр карданд, ки дар шароити рушди босуръати илму техника зарур аст, ки мо насли наврасу ҷавони кишварамонро дар руҳияи илмомӯзиву касбазхудкунӣ таълиму роҳнамоӣ намоем. Чунончӣ: “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.
Қайд намудан зарур аст, ки ҳамасола дар Паёмҳои солонаи Пешвои миллат музди маоши кормандони соҳаҳои илму маориф бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудаи иқтисодӣ баланд бардошта мешавад. Имсол низ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди маоши кормандони соҳаҳои зикршударо аз 20 то 25 фоиз баланд бардоштанд, ки ин ҳавасмандӣ ба раванди болоравии сатҳу сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таълим мусоидат мекунад. “Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд”.
Бояд ҳар фарди худшиносу худогоҳ Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва сокинони кишвар пешниҳод гардид, ҳамаҷониба омӯхта, барои дар амал татбиқ намудани бандҳои он саҳми худро гузорад.
Шарипов Сангимурод,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
