Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо суръати баланд тағйир меёбанд, масъалаи таъмини сулҳу субот ва амнияти фарогир ба яке аз авлавиятҳои асосии сиёсати хориҷии давлатҳо табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, таҳкими суботи минтақавӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини сулҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки: «Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем».
Ин нукта моҳияти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ифода намуда, равшан месозад, ки кишвар ба ҳамкорӣ, муколама ва масъулияти байналмилалӣ аҳамияти махсус медиҳад.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи Консепсияи сиёсати хориҷӣ амалӣ гардида, ба густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон равона шудааст. Асоси ин сиёсатро усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳанд.
Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ тавонист бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монад. Узвият дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, СҲШ, СААД, САҲА ва дигар ниҳодҳо далели иштироки фаъоли кишвар дар равандҳои глобалӣ мебошад.
Таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон, бахусус раванди оштии миллӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъ тавассути муколама ва созиш эътироф шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таҷрибаро дар сатҳи байналмилалӣ тарғиб намуда, ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези низоъҳо мебошад.
Илова бар ин, Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти об нақши фаъол мебозад. Пешниҳодҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва рушди устувор нишон медиҳанд, ки кишвар на танҳо манфиатҳои миллии худро, балки манфиатҳои умумии башариятро низ дар мадди назар дорад.
Ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди устувори кишвар дар фазои сулҳу субот, таҳкими амнияти миллӣ ва саҳмгузорӣ дар суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин замина, Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро мутобиқ ба воқеиятҳои ҷаҳони муосир такмил дода, ҳамкориро бо ҳамаи шарикони боэътимод идома медиҳад.
Дар маҷмӯъ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати сулҳпарварона, мутавозин ва ояндабин шинохта шуда, ба расидан ба ҳадафҳои созанда – сулҳи пойдор, суботи сиёсӣ ва амнияти фарогир равона гардидааст. Ин сиёсат на танҳо барои рушди кишвар, балки барои таҳкими ҳамбастагӣ ва ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.
Гадоев Аюбҷон,
мутахассиси Раёсати робитаҳои байналмилалии ДДБ ба номи Носири Хусрав
