Имрӯз дастури тозанашри таълимӣ – методии дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав Сафарбек Каримов таҳти унвони “Адабиёти форсизабони Ҳиндустон дар асрҳои 16 – 17 ва ибтидои асри 18” аз чоп баромад, ки дар он роҷеъ ба зиндагинома ва осори боқимондаи намояндагони машҳури адабиёти форсизабони Ҳиндустон маълумоти муфассал оварда шудааст.
Дастури таълимӣ дар асоси асарҳои таҳқиқотӣ, сарчашмаву маъхазҳои илмӣ, барномаҳои таълимии макоттби олӣ таълиф ёфтааст.
Машғулиятҳои маърузавию амалӣ тибқи барномаи таълимӣ дар се боб фароҳам оварда шудаанд, ки дар ҳар як боби он тарзи таълими мавзуъҳои дарсӣ ба таври возеҳу равшан тавсия дода шудаанд. Аз ин рӯ, асар дорои аҳамияти баланди таълимиву тарбиявӣ арзёбӣ мегардад.
