Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамоиши тарбиявӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат – беҳтарин дастури тарбиявӣ барои ҷавонони ояндасози миллат» дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Наргис Нурализода муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ, Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, Шарипов Сангимурод, мудири кафедраи рӯзноманигории донишгоҳ, муовинони декан оид ба тарбия, созмонҳои ҷамъиятӣ, омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханрони намуданд.
Гуфта шуд, ки дар ҳақиқат барои мо сокинони ин сарзамин, хосса ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ истиқлоли давлатӣ ва озодӣ неъматҳои муқаддас ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд.
Аз ин рӯ, ҳифзи озодию Истиқлолият ва манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯст ва худшиносу худогоҳӣ ин сарзамин мебошад. Имрӯз ҳар як соҳибватанро мебояд, ки дар пос доштани музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, тинҷию оромӣ ва ободониву созандагии диёр саҳми арзандаи хешро гузорад.
Баромадкунонадагон зимни баромадҳои худ иброз доштанд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили 35-солагии истиқлол пешниҳод намуданд, ки соли 2026 – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашанд.
Дар қисмати охири ҳамоиш бо хушнудӣ ва ифтихормандӣ иброз доштанд, ки мо – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ҳадафу вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем ва тавонем дар амали намудани онҳо саҳми муносиби худро гузорем.

