Боиси ифтихор ва фараҳманди аст, ки ироаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таҷлил ва истиқболи шоистаи ҷашни муқадаси умумимиллӣ, яъне 35 – солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон рост омад.
Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад, ки дар он тамоми бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ мегарданд.
Дар Паём яке аз мавзуъҳои меҳварӣ мураккаб шудани вазъи сиёсии ҷомеаи башарӣ, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқоли давлатӣ, тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ буд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд доштанд, ки: “Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд.
Дар оғози суханронӣ Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қайд намуданд, ки: «Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид. Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.
Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд».
Маврид ба ёдоварист, ки дар даврони солҳибистиқлолии кишвар иқдомҳо ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати созанда ва сулҳҷуёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ дастгири ёфта, боиси обруйу эътибор ва баланд бардоштани имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Чун ҳамешаги зимни ироаи Паёми навбатии худ роҳбари давлатамон ба масъалаи таълиму тарбияи дурӯсти наврасону ҷавонон ва рушди соҳаи маоириф ва илми мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз дошт, ки: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».
Дар ҳақиқат рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз вазъи таълиму тарбия ва фаъолияти босамари устодон алоқаманд аст.
Солҳои охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сармоягузории неруи зеҳнии инсон таваҷҷуҳи хосса доранд, ки ин омил пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи минтақа ва байналмилалӣ замина мегузорад. Ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва дигар чорабиниҳои зеҳниву маърифатӣ роҳандозӣ гардида, дар ин самт садҳо нафар ҷавони соҳибистеъдод кашф шуданд, ки онҳо имрӯз ва оянда дар пешрафти ҷомеа саҳми худро хоҳанд гузошт.
Қайд намудан зарур аст, ки Паёми Сарвари давлат моро ба корҳои саховатмандиву накукорӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ мекунанд. Дарвоқеъ, сокинони касбу кори гуногун Паёми Сарвари давлатро тамошо намуда, дар асоси он нақша-чорабиниҳо таҳия карда, барои татбиқи босамари он саъйу талош намуда истодаанд.
Аз ин лиҳоз аз ҳар кадоми мо тақозо мешавад, ки дар шароити мураккабу печидаи замони муосир ҳушёриву зиракаии сиёсиро аз даст надода, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва таъмини оромиву субот дар кишвар ва сайёра саҳми худро гузорем.
Дар охири суханронии худ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатманди иброз доштанд, кӣ: «Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост! Дар ин ҷода, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, шумо – вакилони мардумӣ ва ҳозирини арҷманд, пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ, саломативу хушбахтӣ, хонаи обод, саодати рӯзгор ва комёбиву барори кор орзумандам».
Мо кормандони соҳаи маориф ва илм бо ифтихор қайд менамоем, ки дастуру ҳидоятҳо ва таъкидҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни Паёми хеш иброз доштанд, сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати амали намуданӣ онҳо ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳем.
Точиддин Исозода,
дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
