Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва стратегии давлат ба ҳисоб меравад.
Ин Паём ҳамасола самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян намуда, роҳҳои беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисод, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пешрафти соҳаҳои калидии ҷомеаро мушаххас мегардонад.
Асри XXI давраи тағйироти босуръати технологӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ мебошад.
Имрӯз давлатҳое пешрафта ба шумор мераванд, ки тавонистаанд технологияҳои иттилоотиро ба иқтисод, идоракунӣ, саноат, энергетика, маориф ва хизматрасониҳо самаранок ворид намоянд. Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои вусъат бахшидани раванди рақамикунонӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ тавваҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки бо ташаббуси ҷумҳурии мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Паёми Пешвои миллат на танҳо ҳисоботи фаъолияти давлат, балки барномаи амал барои тамоми сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Дар ин Паём масъалаҳои ҳаётан муҳими рушди устувор, истифодаи технологияҳои муосир ва мутобиқшавии кишвар ба равандҳои ҷаҳонии асри рақамӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор мегиранд.
Дар Паёмҳои солона Пешвои миллат ба масъалаҳои такмили низоми идоракунӣ, баланд бардоштани сифати маориф, рушди илму технология, таҳкими иқтисоди миллӣ ва амнияти иттилоотӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ин ҳуҷҷат ҳамчун асоси стратегӣ барои қабули барномаҳои давлатӣ, ислоҳоти соҳаҳо ва татбиқи сиёсати инноватсионӣ хизмат мекунад.
Паём дар ҳаёти ҷомеа нақши роҳнамо дошта, шаҳрвандонро ба худшиносӣ, ватандӯстӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва истифодаи дурусти дастовардҳои технологӣ ҳидоят менамояд. Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии босуръат, таваҷҷуҳ ба технологияҳои нав ба яке аз омилҳои калидии пешрафти давлат табдил ёфтааст.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат (16 декабри соли 2025) рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ ҳамчун самти муҳими рушди иқтисод ва ҷомеаи муосир зикр гардид. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ метавонад самаранокии идоракунии давлатӣ, сифати хизматрасониҳо ва рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат ва иқтисоди рақамиро ба таври назаррас баланд бардорад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳои миллӣ ва гузариш ба низоми рақамикунонӣ, таъсис ва густариши ҳукумати электронӣ, фароҳамсозии инфрасохтори рақамӣ, боло бурдани саводнокии рақамии аҳолӣ ва дастрасии бештари шаҳрвандон ба хидматрасониҳои онлайн марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.
Солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо ба марҳилаи нави рақамисозии иқтисод ва идоракунии давлатӣ қадам гузоштааст. Созмонҳо ва муассисаҳои давлатӣ тадриҷан ба хизматрасониҳои электронӣ мегузаранд, таҳсилоти фосилавӣ ва онлайн, бонкдории рақамӣ, платформаҳои савдои электронӣ ва дигар навовариҳо ба ҳаёти мардум роҳ меёбанд.
Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатиро масъалаи аввалиндараҷа шумориданд.
Дар робита ба ин бояд гуфт, ки зеҳни сунъӣ имрӯз дар чунин самтҳо аҳаммияти хос дорад: таҳлили додаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ; пешгӯии равандҳои бозори меҳнат; идоракунии самараноки захираҳои энергетикӣ; рушди хизматрасониҳои рақамии давлатӣ; таҳсилоти фардӣ ва тибби рақамӣ.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, омодасозии кадрҳои соҳа мебошад. Бе кадрҳои соҳибтахассус гузариш ба иқтисоди рақамӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки талаботи бозори меҳнатро омӯхта, тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои IT, зеҳни сунъӣ, киберамният ва таҳлили додаҳоро вусъат бахшанд.
Ҳамин тариқ, имрӯз Тоҷикистон дар остонаи марҳалаи нави рушди худ қарор дорад. Рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ на танҳо имконият, балки зарурати таърихӣ мебошанд. Татбиқи пайгиронаи ислоҳоти рақамӣ имкон медиҳад:
— идоракунии давлатӣ самаранок гардад;
— иқтисод рақобатпазир шавад;
— сатҳи зиндагии аҳолӣ боло равад;
— ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳким ёбад.
Дар маҷмуъ, бо истифодаи оқилонаи технологияҳои муосир ва сармоягузорӣ ба зеҳни инсонӣ Тоҷикистон метавонад ба давлати пешрафта, устувор ва рақобатпазир табдил ёбад.
Идрис РАҶАБОВ,
донишҷӯи курси 3-юми
факултети математикаи ДДБ
