Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму техника, таваҷҷуҳ ба фанҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ яке аз самтҳои муҳими сиёсати маориф ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили мубраме таваҷҷуҳ менамояд, ки он ба тақдири давлату миллат зич алоқамандӣ дошта, ҳалли онҳо боиси нашъуномаи ҷомеа мегардад.
Роҳбари муаззами давлат ҳамчун шахси воқеъбину дурандеш ва бофазилату соҳибҳикмат мушкилоти дар ҳаёти ҷомеа мавҷударо дарк намуда, онҳоро барои аҳли кишвар рӯнамо месозад ва тамоми қишри аҳолиро барои ҳалли он сафарбар менамояд.
Аз ҷумла, масъалаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тайи солҳои охир яке аз масъалаҳои муҳимтаринест, ки онро нодида гирифтан боиси буҳрони шадид мегардад. Сарвари хирадманди кишвар дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (26-уми декабри соли 2019) дар баробари масъалаҳои зиёде, ки ба онҳо таваҷҷуҳ намуда буд, ба масъалаи омӯзиши ин фанҳо махсусан истодагарӣ намуда, ба ин мавзуъ диққати хосса зоҳир намуданд.
Дар алоқамандӣ ба ин масъла ва ҷиҳати ҳалли мушкилот дар кишвар солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуд. Ин маънои онро дорад, ки ҷомеа ва шаҳрвандони он ба ин илмҳо эҳтиёҷи бештар доранд ва барои ба роҳ мондани ҳадафҳои стратегии кишвар маҳз донистани ин илмҳо шарти асосӣ ва муҳимтарин мебошанд.
Чор ҳадафи Стратегии Кишвар: таъмини амнияти орзуқавории аҳолӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар барои мардуми соҳибватан ва соҳибистиқлоли он дорои аҳамияти аввалиндараҷа мебошанд.
Фанҳои риёзӣ ва дақиқ заминаи асосии тафаккури мантиқӣ, таҳлилӣ ва эҷодии хонандагонро фароҳам меоранд. Маҳз тавассути омӯзиши ин фанҳо ҷавонон қобилияти ҳал намудани масъалаҳои мураккаб, истифодаи технологияҳои муосир ва мутобиқ шудан ба талаботи бозори меҳнатро аз худ менамоянд. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки барои тарбияи мутахассисони баландихтисос, муҳандисон, барномасозон ва олимон бояд сатҳу сифати таълими фанҳои дақиқ баланд бардошта шавад.
Фанҳои табиатшиносӣ, аз қабили физика, химия, биология ва география, дар шинохти қонунҳои табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ нақши муҳим доранд. Дар паёмҳои худ Сарвари давлат ба масъалаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи энергияҳои барқароршаванда ва рушди технологияҳои “сабз” ишора намуда, зарурати омода намудани мутахассисони соҳаи табиатшиносиро таъкид менамоянд. Ин фанҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти онҳо нисбат ба табиат саҳми бузург мегузоранд.
Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ даъват намуда, онҳоро ҳамчун неруи асосии рушди устувори Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд. Таваҷҷуҳ ба ин фанҳо на танҳо ояндаи шахсии ҷавонон, балки ояндаи дурахшони давлату миллатро таъмин хоҳад кард.
Қадамшо АРБОБОВ
муовини декан оид ба таълим – эдвайзери
факултети математика
