24 декабр бинои нави боз як иншооти дар рушд ва шукуфоии пойтахт нақшгузор – Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе низ дар ҳамин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шуд.
Бунёд ва ба истифода супоридани бинои нави Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе замина гузошт, ки шумораи кормандон аз 40 каси қаблӣ ба 70 кас расонида шавад.
Толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ҷамъомаду вохӯриҳо пешбинӣ шуда, истифода аз китобхонаи электронӣ воситаи рушди дониш ва огоҳии кормандон аз навгониҳои илмӣ хоҳад буд.

