Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, хати иловагии истеҳсолӣ бо таҷҳизоти муосир барои истеҳсоли обҳои ташнашикани ҶДММ «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон»-ро мавриди истифода қарор доданд.

