Имрӯз дар толори Шурои диссертатсионии донишгоҳ дар асоси нақшачорабиниҳои Раёсати илм ва инноватсия бо ташаббуси факултети сиёсат ва идораи давлатӣ мизи мудаввар дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Паём ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои рушди имрӯзу ояндаи кишвар» баргузор карда шуд.
Тибқи барномаи кори мизи мудаввар дар қисмати сухани ифтитоҳи Нориён Ф.И.-сардори раёсати илм ва инноватсия суханрон намуда баргузории чорабинии мазкурро муҳим ва зарури шумориданд.
Баъдан сухан ба Мамадғафуров Исмоил – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзӯи «Рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва танзими иқтисоди бозоргонӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд, ки мавсуф оид ба Рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва танзими иқтисоди бозоргонӣ дар партави Паёми Президенти мамлакат суханрони намуда таҳкит ба амал овард, ки масъалаи мазкур дар Паёми Президенти мамлакат дар маркази асосӣ қарор гирифта буд.
Баъдан тибқи барнома Саидова Мошариф – номзади илмҳои фалсафа, омӯзгори кафедраи фалсафа дар мавзӯи «Маориф ва илм: дар Паёми Пешвои миллат» ва Абдуллоев Шарофиддин – омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият ва дурнамо дар Паёми Президент» баромад намуданд.
Дар мизи мудаввар баромадкунандагон ҷабҳаҳои гуногуни Паёмро мавриди таҳлил қарор дода таҳкит ба амал оварданд, ки бояд Паёми солонаи Президенти мамлакат дастури руйи мизии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Дар қисмати ҷамъбастии мизи мудаввар иштирокчиён низ фикру андешаҳои худро байён намуданд.
С. Раҷабализода,
муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ

