Ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ – принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат, садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.
Вобаста ба ин таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлака «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16-уми декабри соли 2025 иброз намуданд: «Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.
Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд».
Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст. Аз ҷумла таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи он, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», квотаҳои президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст амалӣ карда шудаанд.
Тавре, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид гардид: “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.
Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.
Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.
Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф эълон карда шуд, ҳамзамон барои бедор кардани шавқу завқи китобхонии наврасону ҷавонон ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм- фурӯғи маърифат” яке аз иқдомҳои наҷиби роҳбари давлат мебошад. Ҳамаи талошу заҳматҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва илмомӯзии ҷавонон равона гардида, барои мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида шароити хуби рушду инкишоф фароҳам оварда шудааст.
Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҷавононро зарур аст, ки аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ва имкониятҳои конститутсионии худ босамар ва оқилона истифода намуда, тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Муқаддас Рустамзода,
дотсенти факултети забон ва адабиёти руси ДДБ ба номи Носири Хусрав
