Рушди саноат яке аз рукнҳои асосии иқтисодиёти давлат мебошад. Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун ҳадафи стратегии рушди иқтисодӣ муаррифӣ намуданд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки танҳо тавассути рушди соҳаи саноат метавон сатҳи зиндагии аҳолиро баланд бардошт, ҷойҳои нави корӣ таъсис дод ва вобастагии иқтисодиро коҳиш дод.
Саноатикунонии босуръати кишвар имконият медиҳад, ки захираҳои табиӣ дар дохили кишвар коркард шуда, арзиши иловагӣ пайдо намояд.
Пешвои миллат дар Паёми имсола ба таъсиси корхонаҳои коркарди ашёи хом, рушди саноати сабук, хӯрокворӣ ва металлургия диққати махсус дода, иброз намуданд, ки барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир дар кишвар беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.
Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст. Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.
Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Аз ин таҳлилҳо бар меояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолии худ, дар баробари рушди дигар соҳаҳо дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди корҳои ободонию созандагӣ ва ноил гаштан ба рушди устувори соҳаи мазкур, Пешвои миллат ба ҷорӣ намудани инноватсия, таҷҳизоти муосир ва ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ диққати ҷиддӣ дода, иброз намуданд, ки ин раванд имконият медиҳад маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол шуда, Тоҷикистон дар бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам намояд.
Ҳамзамон, барои идомаи ин раванд, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд.
Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.
Дар ин росто, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад.
Хотирнишон менамоям, ки дар раванди амалисозии ин вазифаҳо диққати махсус ба рушди саноати сабук, коркарди амиқи маҳсулот ва истеҳсоли металлҳои нодир ва муҳим равона карда шавад.
Ҳамзамон дар Паём Пешвои миллат инчунин ба масъалаи омода намудани кадрҳои муҳандисию техникӣ таваҷҷуҳ намуда, барои рушди комили соҳаи мазкур ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас доданд.
Ин нукта метавонад робитаи зичи соҳаи маориф ва саноатро ба миён орад. Зеро дар ин самт мо ҳамон вақт муваффақ мегардем, ки кадрҳои муҳандисию техникии варзидаро дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ таълим дода, ба бозори меҳнат таъмин намоем.
Рушди саноат махсусан барои ҷавонон имкониятҳои фаровонеро фароҳам месозад. Ин омил муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш дода, устувории иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин менамояд.
Саноатикунонии босуръати кишвар на танҳо ҳадафи иқтисодӣ ва манбаи даромад аст, балки мактаби таҷриба, такмили малакаи касбии шаҳрвандон, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ояндаи устувори миллат мебошанд.
Ҳангоми дар амал тадбиқ намудани ин ҳадафи стратегӣ дар кишвар қишри коргару мутахассисони соҳавӣ ташаккул ёфта, пояи иқтисоди миллӣ мустаҳкам мегардад.
Хулоса, дар Паёми имсола Пешвои миллат саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун роҳи асосии пешрафти иқтисодии Тоҷикистон муайян намуд. Татбиқи ин ҳадаф имкон медиҳад, ки кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардад. Иқтидори истеҳсолӣ афзоиш ёбад ва дар ниҳоят сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад.
Саидшоҳи Сафархон,
омӯзгори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
