Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли фарҳангӣ китобхонӣ», дар шаҳри Бохтар ҷамбасти як қатор озмунҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Юсупова Сафиямоҳ, хонандаи синфи 9-уми Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ҳамчун ғолиби даври шаҳрии озмуни вилоятии “Ману китоб” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо диплом қадрдонӣ гардид.
