Имрӯз вақто,ки сухан андар боби ба табъу нашр расидани асаре, омӯзиши жарфтари рӯзгору осори олимону нобиғаҳои миллати тамадунофару таърихиамон равад, пеш аз ҳама вирди забону зеҳнамон заҳмат, талош, бузургию қаҳрамонии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меояд. Шуруъ аз таҷлили “Соли Орёӣ”, то гиромидошти донишманди машҳури тоҷиктабори олами Ислом Имоми Аъзам, таҷлили Рӯзи Рӯдакию Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизу Фирдавсии Тӯсӣ, ибни Сино, Ҷомию Робияи Балхӣ ва даҳҳову садҳо нафар донишмандони тоҷик, аз таваҷҷуҳи хосаи Сарвари мамлакатмаон боз ҳам шинохтаву мавриди омӯзиши амиқи донишмандони имрӯз қарор гирифтаанд.
Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 16- декабри соли 2025 дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари таҳлилу баррасии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат бори дигар таваҷҷуҳи вакилон, алалхусус аҳли зиёро бо пешниҳои воқеан ҳам оқилонаву хирадмандонаи худ: “Дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.
Аз ҷумла бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.” ба андешина ва омӯзиши ҳамаҷонибаи ин шоир ва мусиқишинос водор намуд. Суоле ба миён меояд, ки Борбади Марвазӣ дар таърихи фарҳанг ва адабиёти форс-тоҷик чӣ саҳме гузоштааст? Маргар шоирон дар баробари таълифи асарҳои илмию адабии худ дар сарояндагию навозандагӣ ҳам балад буданд? -Метавон гуфт, ки бале.
Борбади Марвазӣ дар қарнҳои V – VI милодӣ ба сар бурда аст. Ҳам шоир ва ҳам дар ташаккул ва густариши санъати навозандагию сарояндагии замони худ саҳми воқеан ҳам босазо гузоштааст.
Бино ба гуфти донишмандони соҳа ӯро метавон поягузори ҳунари сарояндагӣ ва навозандагии форс-тоҷик номид. Шакке нест, ки ин нобиғаи ҳунар созҳои мусиқӣ ва навозандагону сарояндагон будааст. То имрӯз таърихи ҷаҳонгири мо собит намудааст,ки донишмандону нобиғаҳои миллат танҳо дар як шохаи илм муваффақ набуда, балки аз тамоми илмҳои замони худ (Рӯдакию Фирдавсӣ дар забон ва адаиёт поягузорӣ карда бошанд,пас Берунию Розию Сино дар илмҳои табииёту нуҷуму риёзиёт ва фалсафа) ба хубӣ баҳравар буданд,ки то кунун асарҳои таълифнамудаи онҳо қолаби асосии илмҳои замони мусоир дар олам ба ҳисоб мераванд. Борбади Марвазӣ ҳам аз қабили шоироне мебошад,ки ҳатто дар аҳди ҳукумронии Сосониён суруду мусиқиро ба қолаби аслии худ даровардааст. Маншаъи Шашмақому навозиши най дар баҳорон,алалхусус дар Наврӯз аз замони Марвазӣ ёд мешавад.
Дар бораи зиндагинома ва хидмати ин шахсияти нотакрор ва олими тоҷик Абдуллоҳи Ориёпур дар таълифоти хеш («Борбади ромишгар», Душанбе, 1989) мефармоянд: «Борбади Марвазӣ дар дарбори шоҳаншоҳи Сосониён — Хусрави Парвиз (590 – 628) ба мартабаи «Шоҳи ромишгарон» расидааст. Марвазиро муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 достони «Хусравонӣ», бунёдгузори сабки «Марвисраишних» (марвихонӣ ё маврихонӣ), муассису танзимгари «тақвими мусиқӣ» дар тамаддуни мусиқии мардуми Шарқи Миёнаи Наздик, тадвингари аввалин мактаб ҳисобидаанд. Ихтирооти мусиқии Борбад воқеан дар шаклгирии бисёр жанру анвои на фақат мусиқии мардуми эронинажод, балки дигар халқҳои Шарқи ориёитабор заминаи асосӣ гузоштааст. Хусусан, 30 лаҳни Борбад аз ихтирооти нодири созию овозӣ маҳсуб ёфта, минбаъд асоси шуъба, гӯша, шохаҳои созию овозии мақомҳо (12 мақом, 12 парда, ҳафт дастгоҳ, «Шашмақом») гардидаанд».
Ин баёния на ба Борбади Марвазӣ, балки ба алоқамандии шоирони саршиноси қадим бо созҳои мусиқӣ ва ҳунари навозандагию сарояндагӣ ихтисос дорад. Осор ва зиндагиномаи шоирони классики форс-тоҷик аз он далолат медиҳад, ки шеъри мо аз замонҳои хеле қадим бо мусиқӣ ва ҳунари сарояндагӣ иртиботи сарбастагӣ доштааст. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шоир буд, аммо абёти аз ӯ бамеросмонда бозгӯйи онанд, ки вай аз ҳунари навозандагиву сарояндагӣ вуқуфи комил дошта, созҳои мусиқиро бо маҳорати тамом менавохтааст.
Дар «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ доир ба Борбади Марвазӣ ва созҳои мусиқӣ маълумоти фаровон оварда шудааст.
Дар умум дар асарҳои дигар шоирон низ роҷеъ ба суруду мусиқӣ ва таваҷҷуҳ ба он ишора шудааст. Масаланд Низомии Ганҷавӣ:
«Суруди паҳлавӣ» дар нолаи чанг,
Фиганда сӯзи оташ дар дили санг.
Ҷалолуддини Балхии Румӣ:
Гар набудӣ нолаи найро самар,
Най ҷаҳонро пур накардӣ аз шакар.
Шайх Саъдӣ Шерозӣ:
Дидори дилфурӯзаш дар поям арғавон рехт,
Гуфтори ҷонфазояш дар гӯшам арғанун зад.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ:
Қомати мо чанг шуд андар самоъи аҳли дард,
Ҷуз ба мизроби ғамат ин чангро натвон навохт.
Шоири дузабона Мир Алишери Навоӣ-Фонӣ (Шогирди Ҷомии бузург):
Базмда ҳар мутриби дастонсаро,
Чекса тараннум ила дилкаш наво…
Ҳоқонӣ бо ишора ба ин соз байти зеринро офаридааст:
Гоҳи вилодатат арвоҳ хонд сураи сур,
Сетора баст ситора, самоъ кард самоъ.
Чанд мадраке аз осори донишмандони барҷастаи форс-тоҷик овардем,ҳамагӣ бозгӯи он аст, ки аз қадим шеър бо санъати мусиқӣ ва ҳунари овозхонӣ тавъам буда, шоирон мусиқишинос низ будаанд.
Санъати классикии «Шашмақом», ки аз «Дувоздаҳмақом»-и Борбади Марвазӣ сарчашма мегирад, имрӯз низ дар байни халқҳои натанҳо тоҷик, балки ӯзбек ҳам маҳбубият дорад.
Хулоса ин ки ташабуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбади Марвазӣ иқдоми саривақтӣ аст. Пас месазад ҷиҳати пос доштани мероси фарҳангӣ ва илмии ниёгони худ бо илҳом аз иқдом ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат ҳамагон баҳри имрӯзу оянда кореро анҷом дода бошем то дар ин сурат байни дирӯзу фардо, ки силсиларо мемонад, ҳалқаи пайванд шавем.
Искандар Қиёмов,
унвонҷӯйи кафедраи забони тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав

