-
Бознашр аз рӯзномаи “Хатлон” 30 декабри соли2025, №80 (10965)
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷонибдор ва пуштибони тартиботи муқарраргардидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, вобаста ба ин то ҳол собитқадамона дар татбиқи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии хеш қадамҳои устувор гузошта истодааст. Хусусан, нақш ва нуфузи кишвари мо, дар чанд даҳсолаи охир бо ташаббус ва пешниҳодоти созандаву бунёдкоронаи хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор, ҳомии манфиатҳои умумибашарӣ ва муҳофизи ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд гардид.
Боиси хушҳолӣ ва руҳбаландии тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки12 декабри соли2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Иҷлосияи 80 – уми худ бо ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо овоздиҳии якдилонаи давлатҳои аъзои худ бо қабули қатъномаи махсус дар бораи«Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» A/80/L.24 эълон намуд.
Қабули қатъномаи мазкур боз як дастоварди нав дар самти сиёсати хориҷии кишварамон ба ҳисоб рафта, татбиқи самараноку муваффақонаи он ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва рушду инкишофи озодонаи ҳар як сокини сайёраамон мусоидат менамояд.
БО НАЗАРДОШТИ АМАЛИСОЗИИ МУВАФФАҚОНАИ «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЗИМНИ СУХАНРОНӢ 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ2025 ДАР МУБОҲИСАҲОИ ИҶЛОСИЯИ 80-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ ПЕШНИҲОД НАМУДАНД, КИ ИН ТАШАББУС БА САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРОВАРДА ШАВАД ВА СОЛИ2027 ҲАМЧУН«СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ЭЪЛОН ГАРДАД.
Бо ироаи ин пешниҳод, роҳбари давлат аҳамияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, мудирияти муассир ва сулҳи пойдор таъкид намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин даъват ба амал оварда буданд: «Институтҳои қавӣ ва маърифати ҳуқуқӣ пояи ҷомеаи одилона ва устувор мебошанд. Имрузҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ гардидааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Мо ба зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низову ихтилоф таъкид менамоем. Бо дарки амиқи ин воқеият Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Мо аз ҳамаи давлатҳои узв даъват менамоем, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд ва фарҳанги ҷаҳонии шаффофият ва адолатро тақвият бахшанд».
Дар ҳақиқат, дар замони муосир, ки ҷомеаи ҷаҳониро равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии боши-тоб, шиддат гирифтани«ҷанги сард», низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим, нобаробарии иҷтимоӣ, буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, камбизоатӣ, ноамниии озуқаворӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои глобалӣ фаро гирифтааст, муттаҳид кардани саъю талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади ҳифзи сулҳу субот ва дар ин замина таъмини ҳадафҳои рушди устувор барои давраи то соли 2030 беш аз ҳар вақти дигар дида муҳимтар мебошанд.
Табиист, ки дар чунин вазъи ҳассосу мураккаб ва мушкилу печида, инчунин пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ расидан ба ҳадафҳои рушди устувори СММ барои давраи то соли 2030, ки муҳтавои асосии он дар Стратегияи милли рушди ҶТ барои давраи то соли2030 мустаҳкам гардидааст, ғайриимкон аст. Чунонки Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми сентябри соли2024 дар иҷлосияи 79-уми СММ қайд карданд: «Тибқи ҳисоботи Дабири кулли Созмони Милал, ҷомеаи ҷаҳонӣ то соли2030 фақат ба 17 фоизи Ҳадафҳои рушди устувор ноил шуда
метавонад».
Бо назардошти дарки зарурат ва аҳаммияти амалишавии ҳадафҳо ва стратегияҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки барои давраи то соли2030 қабул гардидаанд, эълон гардидани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, хусусан Ҳадафи 4 (Таълими сифатнок) ва Ҳадафи16 (Адолат ва институтҳои қавӣ) нақши калидӣ дорад, зеро он ба пешгирии поймолкуниҳо ва таҳкими ҳуқуқҳои инсон мусоидат мекунад. Ҳамчунин ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун механизми татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор эътироф шудааст, ки дар он маърифати ҳуқуқӣ барои эҷоди муҳити мусоид барои рушди устувор зарур аст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ (2024) мисоли равшан ва раднопазир аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон нигаронида шуда буд.
Дар Қатъномаи Созмони Мила-ли Муттаҳид оид ба эълон гардида-ни соли2027 ҳамчун байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқӣ дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид гардидааст. Ин қатънома ҳамчунин таҷрибаи муваффақи Тоҷикистонро дар эълон намудани соли2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эътироф намуда, онро ҳамчун намунаи муносиби татбиқи сиёсати дохилӣ, ки ба таври назаррас сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолиро баланд бардошта, аҳамияти амалҳои ҳамоҳангшудаи миллиро дар рушду таҳкими таълими ҳуқуқ собит менамояд, эътироф кардааст.
«Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» талошҳои ҷаҳониро ҷиҳати
пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии таълими ҳуқуқӣ аз ҷумла, фарогирии фанҳои ҳуқуқӣ дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ; таҳкими дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ба мақсади он ки занон, кӯдакон ва ашхоси осебпазир тавонанд ҳуқуқҳои худро беҳтар дарк ва амалӣ намоянд; дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ, ки ба рушди огоҳии ҳуқуқӣ ва омӯзиши ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд; инчунин ташвиқи ҳамкории ниҳодҳои СММ, кишварҳои узв, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубодилаи таҷрибаи беҳтарин ва таҳкими дарки ҳуқуқ дар сатҳи глобалӣ, равона намояд.
Ҳамин тавр, пазируфтани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба эълон гардидани соли2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ боиси боз ҳам ҳам ташаккули рафтори ҳуқуқӣ, муборизаи оштинопазир ба ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ мегардад.
Ин иқдом ҳатмӣ будани ҷавобгарии ҳуқуқӣ, коҳиши нобоварӣ нисбати ҳуқуқ, таҳкими эҳтиром ба қонун, тақвият бахшидани фарҳанги шаффофият, ташаккули фарҳанги ҷаҳонии шаффофияту адолат, риояи ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ, мустаҳкам гардидани назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешбурди омӯзиши фанни ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ тавассути таҳия ва амалӣ гардонидани нақшаҳо, стратегияҳои миллӣ, созмонҳо ва ниҳодҳои дахлдори низоми Созмони Милали Муттаҳид, тарғиб ва ташвиқи маърифати ҳуқуқӣ, риоя ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии давлатҳо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ, риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низоъу ихтилоф дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки асоси ҷомеаи одилона ва устуворро ташкил медиҳанд ва муҳимтар аз ҳама, ба риоя ва иҷрои самараноки Ҳадафҳои рушди устувори қабулнамудаи СММ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои гуногуни давлатӣ мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» A/80/L.24 аз12 декабри соли2025 рӯйдоди таърихӣ ва муҳиму саривақтӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ба
ҳисоб рафта, нақши сиёсати созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амалигардонии нақши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи адолат, сулҳ ва рушди устувор барои ҳар як сокини сайёра бозгӯ менамояд.
Сиёвуш АБДУРАҲИМЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
