Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.KOA-O17-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи доктории Собирзода Шодмон Сулаймонжон, дотсенти кафедраи таҳлили иқтисоди ва аудити Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Таъминоти институтсионалӣ ва инфрасохтории идоракунии фаъолияти сармоягузорӣ дар комплекси агросаноатӣ (назария, методология ва амалия)”, зери мушовири илмӣ Мирсаидов Аврор Бобоевич – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муваффақият дифоъ намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рўйи ихтисоси 08.00.06 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.04 – Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо) пешбинӣ мешавад.
