Дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки донишҷӯёни таҳсили фосилавӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ мудирони кафедраҳо, профессор Д.Халилзода, дотсентон Садриддини А., М.Баротов, Б. Баҳодурзода, Ф. Наботов ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар ин ҳамоиш устодони факултет бо маърӯзаҳо баромад намуда, моҳияти Паёми имсоларо барои рушди минбаъдаи ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар ёдовар шуданд.

